Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАРОБОЕВ Неъмат

ҚАРОБОЕВ Неъмат

karabaev_namat

ҚАРОБОЕВ Неъмат (1916, ш. Конибодом —1942, дарьёи Дон), нахустин Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ аз Осиёи Миёна (1940), лейтенанти хурд. Аз оилаи деҳқон. Узви комсомол аз с. 1939- 1937 ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, аввал дар Округи ҳарбии Острова ш. Ленинград, дар собиқ Полки савораи қисми ҳарбии 4679, баъд дар ш. Габен Украинаи Ғарбӣ ва Белоруссия хизмат кард. С. 1939 ба Округи Ҳарбии Киев, Полки 300-уми тирандозии Дивизияи 7-ум гузашт. Дар ҳайати ин полк, ки ба муқобили гвардиячиёни сафеди фин меҷангид, разведкачӣ ва алоқачӣ шуд. 21 марти 1940 Қ. дар қатори гуруҳи аскарони сурх ва командироне, ки дар ҷанги зидди финҳои сафед мардонагии беназир нишон дода буданд, унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гирифт. С. 1941 дар Омузишгоҳи ҳарбии тирандозии Сухуми таҳсил кард, ки он ҷо командири отделения, пропагандисти батальён, узви бюрои комсомолии полк буд. 22 июли 1941 Қ. командири взводи Полки 88-уми эҳтиётии тирандозӣ таъин шуд. Баъдтар взводи у дар наздикии Новороссийск ба ҷанг даромад. 26 дек. 1941 дар муҳорибаи шадид маҷруҳ шуда, барои табобат ба госпитали ш. Боржоми афтод. Июли 1942 ҳангоми аз д. Дон гузашта, рахна кардани хатти фронти душман, Қ. тир хурда, дар ин дарьё ҳалок гардид. Бо мақсади абадӣ гардондани номи қаҳрамон бисьёр кучаву хиёбон, мактаб ва совхозу колхозҳо номи уро гирифтаанд. Дар ш. Душанбе яке аз зеботарин хиёбонҳо ба номи Қ. гузошта шуд. С. 1943 ба муносибати 25-солагии комсомоли ленинӣ ба яке аз қуллаҳои Помир (баландиаш 4 ҳаз. м) номи Қ-ро доданд. Дар Конибодом ва Колхозобод ҳайкалҳои барқади қаҳрамон гузошта шудаанд.

А. Бобоҷон.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …