Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ»

«ҚАРОБОДИНИ АЪЗАМ ВА АКМАЛ» (дастуруламали илмиест доир ба тиб. Муаллифи китоб Муҳаммад Акмалхон (тав. номаълум; ваф.— тақр. 1907), илми тибро аз бобояш Ҳаким Муҳаммади Аъзамхон омухтааст. Азбаскӣ ба ин асар қисме (693 номгуи бемориҳо ва табобати онҳо) аз «Қарободини Аъзам», дохил аст, китоб номи худи муаллиф ва бобои ӯpo гирифтааст. Қ. ҳаҷман калон буда, ба забони адабии фасеҳи тоҷикӣ таълиф шудааст. Дар он роҷеъ ба муолиҷаи бемориҳои cap, сина, шинам, узвҳои даруни кос, узви таносул ва поҳо сухан меравад. Номи давоҳо бо тартиби алифбои форсӣ навишта шудаанд. Давои дар як беморӣ аз ҷиҳати навъ ба фаслҳо қисмат шудааст. Чунончӣ, фасли аввали боби якум ба иёраҷот (доруҳои амрози мағзи cap), фасли дуюм ба итрифалот (доруе, ки аз балила, ҳалила ва омула иборат аст), фасли сеюм ба анушдоруҳо, чорум ба инкибоб (компрессҳои гарм), панҷум — ба обзанҳо оиданд. Ба ҳар як иллат миқдори зиёди давоҳо тавсия шудааст. Дар Қ. ҳамагӣ дар бораи 5607 доруи мураккаб, ки дар яке барои муолиҷаи 10—15 беморӣ таъин шудааст, маълумот аст.

Асари мазкур с. 1327 ҳиҷрии қамарӣ (с. 1908) дар Деҳлӣ ба табъ расидааст. Як нусхаи чопии Қ. дар Гандиная дастнависҳои шарқии АФ РСС Тоҷ. маҳфуз аст.

Ҳ. Зоҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …