Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН

ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН

karakalpakistan

ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН, Республикаи Автономии Советии Социалистӣ (Карақалпокистон Автономиялы Совет Социалистик Республикасы), 20 марта 1932 ташкил шудааст. Аз 5 дек. 1936 дар ҳайати РСС Узб. Масоҳ. 164,9 ҳаз. км2. Аҳолиаш 1108 ҳаз. наф. (1986), аҳолии шаҳрӣ 45%. 15 район, 11 шаҳр ва 15 птш дорад. Пойтахташ ш. Нуқус. Қ. дар шарқи пуштакуҳи Устюрт, қисми ғарбии биёбони Қизилқум ва делтаи д. Аму воқеъ гаштааст; аз шимол бо б. Арал иҳота шудааст. Иқлимаш ниҳоят континентист. Ҳарор. миёнаи янв. аз —5 то —8 С, июль 26—28С. Боришоти салона 110 мм. Дарьёи ягона — Аму. Канали Диакетган ва ғ, сохта шудааст.

С. 1811 бо фармони хони Хева Қароқалпоқҳо аз поёноби д. Сир ба ҳудуди Қ.-и ҳозира кучида омадаанд. С. 1873 Қ.-и соҳили рост ба Россия ҳамроҳ карда шуд. Дек. 1917 ҳокимияти советӣ барпо гардид. Аз апр 1918 дар ҳайати РАСС Туркистон буд. Ҷанги гражданӣ февр. 1920 ба охир расид. Қ.-и соҳили чап, ки ба хони Хева тобеъ буд, апр. 1920 ба ҳайати республикаи халқии Хоразм дохил шуд. Дар рафти ҳудудмуайянкунии миллию давлатӣ Қ.-и соҳилҳои чап ва рост муттаҳид карда шуданд. 12—19 февр. 1925 дар ҳайати РАСС ҳаз. Вилояти Автономии Қароқалп. таъсис ёфт. (аз 20 июли 1930 он бевосита ба РСФСР итоат мекард). 20 марти 1932 ба РАСС Қ. табдил дода шуд ва аз 5 дек. 1936 ҳайати РСС Узб. дохил гардид.

Аз соҳаҳои саноат махсусан саноати пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, консерви моҳӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва коркарди металл тараққӣ кардааст. Намаки ош, мирабилит (намаки глаубер) истихроҷ мекунанд. Заминҳо ба воситаи каналҳои ба номи В. И. Ленин, Қизкетган ва ғ. обёрӣ мешаванд. Асосан пахта, ғалла (бештар шолӣ), юнучқа, зироатҳои полизӣ (харбуаа, тарбуа ва г.) мекоранд. Гусфанди қароқулӣ, гов, хук ва ҳайвонҳои муиинадор (ондатра, шағора) парвариш мекунанд. Кирмакдорӣ ривоҷ ёфтааст.

Тули умумии роҳҳои автомобилгарди асфалтпуш 1580 км (1976). Дар б. Арал ва д. Аму киштӣ меронанд. Қ- бо орденҳои Ленин (1959), Революцияи Октябрь (1974), Дустин халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …