Маълумоти охирин

ҚАПҚОН

ҚАПҚОН, қапқайн, чахтакпaй, олатест барои доштани ҳайвоноти калону хурди муинадор (хирс, силовсин, гург, рубоҳ, рубоҳи шимолӣ, савсор, самур, қоқум, санҷоб ва ғ.), инчунин зараррасонҳои х. қ. (юрмон, калламуши даштӣ ва ғ.). Қ. аз қадимулайём маъмул аст.

kapkon

Дар ноҳияҳои Тоҷикистон барои доштани ҳайвоноти муинадор бештар Қ.-и оҳанинро истифода мебаранд. Ҳангоми гузоштани Қ. барои он ки сайд набарад, онро бо занҷир ба кундаи чубин мустаҳкам мекунанд ва кундаро ба замин мегузоранд ё ба болояш санги калон мегузоранд. Ба руи Қ. хок кашида, дар миёнаҳои он гушт мемонанд.

Ад.: Таджики Каратегина и Нарва за. в. 1, Д., 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …