Маълумоти охирин

ҚАНОАТ

ҚАНОАТ қонеъ будан, ризомандӣ. Як сифати ахлоқиро гӯянд, ки ба андак чиз ризо буданро ифода мекунад. Қ. ҳангоми ташаккули афкори тасаввуфӣ дар асрҳои миёна аҳамияти хосса дошт. Зоҳидон ҳангоми гушанишинӣ қаноатмандиро пеша намуда, ба он ҳарисиро муқобил гузоштаанд. Қаноатмандӣ сифати хуби ахлоқӣ бошад ҳам, одамонро ба мутеӣ даъват мекард ва аз муносибати фаъолона ба ҳаёт боз медошт. Қ. асоси таълимоти суфиён оид ба таҳзиби ахлоқ буд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …