Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАНДАЛОТ

ҚАНДАЛОТ

ҚАНДАЛОТ, як навъ ширинни миллист. Қ.-ро чунин тайёр мекунанд: мағзи бодом, зардоду, писта, чормағзро каме бирьён ва муқашшар менамоянд. Сипас дар зарфи сирдор ё деги мисин аз шакар ва обу ҷавҳари лиму қиём мепазанд. Мағзро ба лаълие андохта, болои оташи паст нигоҳ медоранд ва ҳар замон онро руйгардон мекунанд. Дар ин асно шахси дуюм қиёмро кам-кам ба болои мағз мерезад. Мағз ба қиём олуда дар руяш қабати ғафсе пайдо мегардад, баъди хунук гаштанаш сахт шуда мемонад.

kandalot

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …