Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҚАМИШАК

ҚАМИШАК

ҚАМИШАК, лундақамиш (Во1-boschoenus), як ҷинси гиёҳҳои бисьёрсоларо гуянд, ки дар решапояҳои аҷиридмонанди дарози онҳо лундаҳо ҳосил мешаванд; ба оилаи ғешаиҳo мансуб аст. Пояаш серқирра, баргаш дарози борик, хушагулаш чатршакл, гулаш дуҷинса, мевааш «чормағзак»-и сеқирра (аз ду тараф барҷаста). Қ. (4—5 намуд) махсусан дар ноҳияҳои гарми дуньё фаровон аст. Дар Тоҷикистон 2 намуди 1(.— чалғузақамиш (В. strobilinus) ва Қ-и баҳрӣ (В. maritimus) меруяд.

Чалғузақамиш дар доманаи куҳ, шибарҷойҳо, шуразамин, соҳили дарьё, канори ангору ҳавзҳо, обанборҳои камоб, дар найзорҳо ва ғ. (қ-куҳҳои Қурама, Туркистон ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва ғ.; 300—900 м аз с. б ) месабзад. Пояаш 50—80 см қад мекашад. Хушагулаш асосан аз 2—8 хушачаи байзашакли зардча иборат аст. Хуроки хуби чорвост. Лундаҳояшро, ки то 60—70% оҳар (крахмал) дорад, пештар истеъмол мекарданд ва дорувор меҳисобиданд.

Қ-и баҳрӣ асосан дар ҳамвориҳои доманакуҳ, соҳили кулу дарьёҳо, ҷойҳои шибарзамин, чун алафи бегона дар пахтазор ва шолизор (дар аксар ноҳияҳои республикаамон дар баландии 350—1600 м аз с. б.) нашъунамо меёбад. Баргаш дарози нугтез, хушагулаш чатршакл, «чормағзак»-аш буртоб. Моҳҳои апр.— авг. гул мекунад. Хуроки хуби чорвост. Пояаш то 120 см месабзад. Онро дарав мекунанд. Силоси хуб мешавад. Хошокаш то 10% протеин, 9% сафеда, 1—2% равған ва ғ. дорад. Лундаашро чун доруӣ истеъмол мекунанд.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 2, М. —Д., 1963.

kamish-2

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …