Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҚАМЧИНАК

ҚАМЧИНАК

ҚАМЧИНАК, як навъ узви аксари бактерияҳо, зооспораҳо, нутфаи ҳайвоноту растанӣ ва ҳамаи қамчинакдоронро гуянд. Як қатор мавҷудоти соддатарин, кирминаи рудаковокҳою исфанҷҳо, кирмҳои муякбадан, баъзе ҳуҷайраҳои ҷонварони муҳрадор ва одам (мас., эпителияи роҳҳои нафас, бачадон, найчаи тухмгузар ва ғ.) мижгонак доранд, ки ба Қ. монанд аст. Мижгонак узви борики дилшакл ё риштамонанд буда, қобилияти ҳаракат дорад. Қ- барои дар муҳити моеъ ҳаракат кардан истифода мешавад. Ҳаракати Қ- мухталиф (тобхуранда, мавҷшакл ва ғ.) аст. Муайян шудааст, ки сафедаи Қ. ба сафедаи мушакҳо монандӣ дорад.

bakteriya

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …