Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАМАРОВ Ҷонбой

ҚАМАРОВ Ҷонбой

ҚАМАРОВ Ҷонбой (тав. 1924, деҳаи Чубаки p-ни Ҷиргатол), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сержанти калон, командири гуруҳи автоматчиён. Дар Полки 422-и дивизияи 170-уми Армияи 48-ум адои хизмат кардааст. У ҳамчун автоматчии рота дар ҷангҳои шадид баҳри озод намудани p-ни Порическии вил. Полессия (РОСБ) далери нишон дода, яке аз аввалинҳо шуда худро ба хандақи душман зад, бо оташи автоматаш 3 фашистро нест карда, бо гранатаи дастӣ автомашинам зиреҳпушро аз кор баровард. Барои озод намудани деҳаи Михайловский ҷонфидоӣ кард. Ҳамчун разведкачии штаби Фронти 2-юми Белоруссия ба супориши штаб 21 окт. 1944 1 наф. оберлейтенант, 8 февр. 1945 командири батальёни фашистонро бо ҳуҷҷатҳои муҳим дастгир намуда, ба пешравии аскарони советӣ роҳ кушод. Қ. дар рахна кардани хати муҳофизи душман дар соҳили д. Друг (24 июни 1944) корнамоиҳо нишон дод. Дар атрофи деҳаи Близнищи p-ни Рогачёви вил. Гомель яке аз аввалинҳо шуда ба ҳандақи душман зада даромад ва аз паси худ ротаро ба баландии 1465 м баровард. Дар дохили ҳандақ бо оташи автомати худ 8 солдат ва 2 офицери немисро ҳалок кард. Дар озод намудани соҳили ғарби д. Друть, Белоруссия, Литва, Пруссияи Шарқӣ (хусусан ш. Фраунберг) ва ғ. далерона ҷангида бо се ордени Шараф (дараҷаи III—II с. 1944, дараҷаи I 1945) мукофотонида шуд. Баъди ҷанг ба зодгоҳаш баргашта дар адои вазифаҳои гуногуни хоҷагӣ буд.

Ад.: Бозорбоева М., Бобохонов М„ Сарбозони шуҷоъ. Д.. 1985.

М. Бобохонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …