Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАМАРИИ ГУРГОНӢ

ҚАМАРИИ ГУРГОНӢ

ҚАМАРИИ ГУРГОНӢ Қамарӣ, Абулқосими Зиёр ибни Муҳаммад (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири форс-тоҷик (а. 10). Дар дарбори Унсурулмаолии Кайковус хидмат мекард. Аз мероси адабии Қ. Г. 30 байт то ҳол дастрас гардидааст. Аксари ин абьёт лирикианд. Дар онҷо шоир аз масъалаҳои гуногуни зиндагӣ, шикоят аз давру замон, тарғиби панду ахлоқ, ишқ ва ғ. сухан рондааст. Ин абьёт аз уст:

Ҷаҳони мо ба масал май шудасту мо майхор,

Хуши-ш баста ба талхиву хуррамӣ ба хумор.

Ҷаҳони мо баду нек асту бад-ш беш аз нек,

Гул эҷ нест абе хору ҳаст бе гул хор.

Бe ҳунар давлат поянда набошад бас дер,

Давлат он бошад поянда, ки ёбӣ ба ҳунар.

У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …