Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАМАРӢ Абумансур Ҳасан ибни Нуҳи Қамарӣ

ҚАМАРӢ Абумансур Ҳасан ибни Нуҳи Қамарӣ

ҚАМАРӢ Абумансур Ҳасан ибни Нуҳи Қамарӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), олими тиб (а. 10). Зодгоҳаш Бухоро. Дар баъзе манбаъҳо уро Абумансури Бухороӣ низ мегуянд. Қ. ҳамасри Абубакр Закариёи Розӣ ва табиби шахсии амир Мансури Сомонӣ (961—976) буд. Абуалӣ ибни Сино аз Қ. дарс омухта, таҷрибаҳои уро истифода бурдааст. Дар соҳаи тиб якчанд асарҳо таълиф намудааст, чунончӣ: «Китоб илал-ул-алил», «Маҷмуаи кабир дар адвияи муфрада», «Муолиҷоти мансурӣ», «Рисола дар илоҷи амрози садр», «Мақола дар марази иштиҳо». Асарҳои Қ. дар таърихи тиб дорои аҳамияти бағоят калон буда, минбаъд ба фаъолияти Сино барин табибон кумак расондаанд. Қ. инчунин «Китоби ғино ва муно» ва диг. рисолаҳои тиббӣ дорад. Дар китоби «ғино ва муно» муаллиф доир ба хелҳоин касалиҳои замони худ ва роҳҳои давои онҳо батафсил маълумот додааст. Қ. дар эҷоди асарҳо ва таҷрибаи кори худ ҳамчун далел аз Ҷолинус, Букрот, Абубакри Розӣ ҳаматарафа истифода бурдааст. Як нусхаи дастнависи «Китоби ғино ва муно» дар Ин-ти шарқшиносии АФ РСС Узб. таҳти рақами 5708 (168 варақ) маҳфуз аст.

Ад.: Ирисов А.. Но сиров Н.. Низомиддинов И., У рта Осяблик пири олим, Тошкент, 1961; Хикматуллоев X.. Ибн Синонииг юрам дорулари рисоласи, Тошкент, 1966.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …