Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЛҚАШАНДӢ Абулаббос Шиҳобуддин Аҳмад ибни Алӣ

ҚАЛҚАШАНДӢ Абулаббос Шиҳобуддин Аҳмад ибни Алӣ

ҚАЛҚАШАНДӢ Абулаббос Шиҳобуддин Аҳмад ибни Алӣ (1355, қарияи Қалқашандаи            Қалюба — 1418, Қоҳира), адиб, муаррих, ва энциклопедисти араб (Миср). Дар Искандария таҳсил кардааст. Аз с. 1376 аз ҳадис ва фиқҳ дарс мегуфт. Дар бораи насаби қабилаҳои араб китобҳои «Ниҳоят-ул-адаб фӣ маърифат қабоил-ил-араб» ва «Қалоид-ул-ҷумон фит-таъриф фӣ қабоил араб-из-замон»-ро офарид. Асари асосии у «Субҳ-ул-аънго фӣ синоат-ил-иншо» (14 ҷилд) дастури энциклопедӣ барои муншиён ва мирзоён мебошад, ки с-ҳои 1913—20 дар Миср ба табъ расидааст. Муаллиф аз ин асар мухтасаре бо унвони «Завъ-ус-субҳ-ил-мусфир ва ҷанйид-даҳв-ил-мусмир» тартиб додааст.

М. Умаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …