Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «ҚАЛАМИ СУРХ»

«ҚАЛАМИ СУРХ»

«ҚАЛАМИ СУРХ», ҷамъияти адабие, ки с. 1924 дар назди г. «Овози тоҷик» дар Самарқанд ташкил ёфта буд. Онро барои фарқ кардан аз гуруҳи адабии «Қизилқалам», ки низ дар Самарқанд амал менамуду моҳияти реакционӣ дошт (аъзоёни он қобилияти ташкилоти ва сиёсии халқи тоҷик, ҳатто адабиёту санъати уро мункир мешуданд) «Қалами сурхи тоҷикзабон» ҳам меномиданд. Тақр. ҳамаи адибоне, ки бо сарварии С. Айнӣ дар атрофи «Овози тоҷик» муттаҳид шуда буданд, дар он иштирок доштанд. «Қ- С.» баъди қарори КМ ВКП(б) «Дар бораи азнавсозии ташкдлотҳои адабӣ-бадеӣ (1932) фаъолияти худро қатъ намуд ва аъзоёни фаъоли он ба ИН СССР дохил шуданд.

Ад.: Очерки таърихи адабиётп советии тоҷик. к. 1, Сталинобод, 1956.

С. Таборов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …