Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҚАЛАМЧА

ҚАЛАМЧА

ҚАЛАМЧА як қисми растаниро гуянд, ки барои афзоиши нашвӣ (ниг. Афзоиш) истифода мебаранд. Қ-ро aз растаниҳои хубу серҳосил мегиранд. Ниҳоли аз Қ. рӯида хусусиятҳои ҳамон растаниеро дорад, ки аз он Қ гирифтаанд. Аз бех, навда ва барги растанӣ Қ. мебуранд. Ҳангоми дар шароити муайян парваридани Қ аз Қ-и бех, мурча, аз Қ-и навда реша ва аз Қ-и барг муғчаю реша месабзанд.

KONICA MINOLTA DIGITAL CAMERA

Қ-ро дар боғдорӣ, парвариши гулу растаниҳои ороишӣ, доруӣ, ҷангалдорӣ, сабзкорӣ ва ғ. ба кор мебаранд. Тамашк, марминҷон, баққатиракро аз Қ-и бех, қот, ток, биҳӣ, анҷир ва диг.-ро аз Қ-и навда зиёд мекунанд. Қот, олу, олуболу, ток, баъзе навъҳои бектошӣ ва ғ.-ро аз Қ-и 2—3 баргдоштаи онҳо месабзонанд. Навъҳои гуногуни гулро аз Қ~и барг зиёд мекунанд. Аммо на ҳамаи растаниҳо аз Қ. афзоиш меёбанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …