Маълумоти охирин

ҚАЛАМ

kalam

ҚАЛАМ (ар килк), наи тарошидаро гуянд, ки бо он хат менависанд. Ба маънои васеаш Қ. гуфта милаеро меноманд, ки аз ангишт, қурғошим, графит ва ранги хушк тайёр карда мешавад. Намунаҳои он, ки аз штифтҳои филизӣ, қурғошим ва нуқрагин иборатанд, дар а-ҳои 12—16 истифода мешуданд. Дар а. 14 ба истилоҳ Қ.-и италиявӣ пайдо шуд, ки аз гили сиёҳи варақсанг сохта шуда буд. Аз а. 16 Қ.-ҳои графити ва Қ.-ҳое, ки аз хокаи устухони сухта ва ширеши растанӣ сохта шуда буданд, маъмул гардиданд. С. 1790 Қ-ҳои чубинро олими франсавӣ Н. Кант ихтироъ кард. Дар айни замон ихтироъкори чех Й. Гартмурт милҳои аз омехтаи графита куфта ва гил тайёркардаро пешниҳод намуд, ки он асоси истеҳсоли технологияи Қ.-и муосирро ташкил медиҳад. Қ.-и механикӣ ё автоматӣ дар нимаи а. 19 ба вуҷуд омада, дар а. 20 васеъ паҳн гардид. Аз руи хусусияти навишт ва технологияи истеҳсол Қ-ро ба графитӣ (сиёҳ), ранга, нусхабардорӣ ва ғ.; аз рӯи таъиноташоя мактабӣ, канцелярӣ, нақшакашӣ, расмкашӣ, дуредгарӣ, пардозӣ, ретуши (бо қалам ислоҳ кардани суратҳои фотографӣ) ва нишонагузор ҷудо мекунанд.

Дар СССР Қ.-ҳои графитии нақшакашии дараҷаи сахтиашон гуногун истеҳсол мешаванд; дараҷаи дуруштӣ бо ҳарфи М — (мягкий) нарм, (твердый) сахт ва МТ (средней твёрдости) нимсахт ва бо рақами пеш аз ҳарф омада ишора мешавад.

Рақами калон дараҷаи калони сахтӣ « нармиро ифода мекунад. Қ.-ҳои явтоматии ду-чор ё якчандмила низ истеҳсол карда мешвванд- Ниг. низ Килк, Хома.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …