Маълумоти охирин

Қалъаи СУРХ

СУРХ, қалъаест дар кӯҳи  назди деҳаи Сурхи ноҳияи Исфаран Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (асрҳои 6—8). Солҳои 1951—52 отряди археологии Исфара бо роҳбарии Б. А. Литвинский кашф ва тадқиқ кард. Аз боқимондаи девори қалъа маълум гардид, ки поёни он похсаи бо санг омехта буда, болояш аа хишти хоми 48—52X24—27 X 8—10 см сохта шудааст. Дар қисми хиштини девор хиштҳои хоми рооткунҷаи андозааш дигар (46—8×32 — 34 X 8 —10 см) низ ҳастанд. Аз қалъа ғайр аз асбобҳои сафолии бисёр зарфҳои нафиси ангобӣ ва сирдор ёфт шуданд, ки зоҳиран ба маснуоти давраи Кушояиён монанданд.   Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …