Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЛЪАИ КУМ

ҚАЛЪАИ КУМ

ҚАЛЪАИ КУМ, ёдгории археологии суғдиён мансуб ба а-ҳои 6—8 дар деҳаи Куми р-ни Айнин вил. Ленинобод. Қ- К. с-ҳои 1967—70, 1975 —76 кашфу тадқиқ гардид. Он аз қалъа ва бошишгоҳ иборат аст. Қ. К. пурра омухта нашудааст, вале тахмин мекунанд, ки он 30 иқоматгоҳ дошта, биноҳои қисми шарқиашро дуошьёна сохтаанд. Дар ошьёнаи якум биноҳои хоҷагӣ воқеъ буда, ошёнаи дуюм то замони мо боқӣ намондааст. Дар ҷан. шарқи қалъа якчанд хонаи ду ва чорҳуҷрагии хоси деҳот будааст.

Ад.: Якубов Ю., О раскопках в Куме, Археологические работы в Таджикистане. в. 10. М.. 1973.

Ю. Ёқубов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …