Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳраки ҚАЛЪАИ ХУМ

Шаҳраки ҚАЛЪАИ ХУМ

ҚАЛЪАИ ХУМ, шаҳрак, маркази маъмурии p-ни Қалъаихуми ВАБК. Дар водии танги байникуҳӣ, дар ҳар ду соҳили д. Хумов (Хумоб) воқеъ гаштааст. Баландиаш аз с. б. 1200 м. Масофа аз посёлка то ст. р. о. Душанбе —286 км, то ш. Хоруғ 241 км. Аҳолиаш 2,2 ҳаз. наф. (1986), асосан тоҷикон.

Дар посёлка комб-и хизмати маишӣ, муассисаҳои хоҷагии коммуналӣ, матбаа, шуъбаи алоқа, ст. телевизионии «Орбита», участкаи баистифодадиҳии роҳ, хоҷагии об, ҷамъияти матлубот, кассаи амонатӣ ва меҳмонхона ҳаст. Қ. инчунин 2 мактаби миёна, мактаби мусиқӣ, мактаби спортӣ, клуб, китоохона, кинотеатр, хонаи маданият, ансамбли тарона ва рақс, касалхона, поликлиника, ст. санитарию эпидемиологӣ, дорухона, яслӣ-боғчаи кудакон дорад. Аэропорташ дар Дашти Луч ҷойгир шудааст.

С. Диловаров.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …