Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ҚАЛЪАИ ХУМ

Ноҳияи ҚАЛЪАИ ХУМ

ҚАЛЪАИ ХУМ, райони маъмуриест дар ҳайати Вилояти Автономии Бадахшони Куҳии РСС Тоҷ. Санаи ташкилаш 14 дек. 1930. Масоҳ. 2824,5 км3. Аҳолиаш  қариб 15 ҳаз. наф. (.1986). 4 С. д. дорад: Вишхарв, Нулванд, Сағирдашт ва Қалъаихум. Маркази район — поселкаи Қалъаихум.

Район дар нишебии ҷанубии қ-куҳи Дарвоз воқеъ гашта, сарҳади шимолии он сар-сари қаторкуҳ ва ҷанубиаш қад-қади д. Панҷ мегузарад. Терр. район capo cap куҳсор аст. Нуқтаҳои баландтаринаш к-ҳои Фруш (4573 м) ва Хамтарга (4484 м) мебошанд. Иқлим континентӣ, ҳарор. миёна янв. аз —5 то 0°С, июль 20—25*С; тобистони куҳҳо салқин (то 10— 15°С) ва зимистонашон хунук (то —10, —15*С). Боришоти солона 500—900 мм. Дарёи асосии район — Панҷ; ба он дарёчаҳои бисьёре мерезанд, ки калонтаринашон Хумоб аст. Дар ҳудуди район ҳар гуна алафҳо, буттаҳои зирк, нестаран, ангат, қот, дарахтони бед, сафедор, чинор, тут, чормағз, олуча, санҷид, дулона, писта, бодоми талхак, нок, анҷир, токи худруй ва дар баландкуҳҳо набототи сираки биёбонӣ меруянд. Аз ҳайвонот нахчир, хирс, шерпаланг, гург, гуроз, рубоҳ, суғур, заргуш ва ғ. вомехуранд.

Қ. райони ғаллакор (асосан гандум, ҷав,ҷуворимакка) ва чорводор аст. Бо боғдорӣ, тамокую сабзавоткорӣ ва кирмакдорӣ низ машғуланд. С. 1986 район 5 совхоз дошт.

Майдони умумии заминҳои кишт 2308 га (аз ҷумла заминҳои обӣ 1050 га). Аз ҳамин ҳисоб ғаллазор 878 га, киштзори зироати хуроки чорво 1307 га, тамоку 123 га, боғи мева 68 га. Саршумори чорвои район (1985, ба ҳисоби cap): гов 3950, гусфанду буз 27250, парранда (мурғ 1440).

Дар район комб-ҳои хизмати маишӣ ва муассисаҳои коммуналӣ, матбаа, 2 участкаи баистифодадиҳии роҳҳо, шуъбаи алоқа, кассаи амонатӣ, ҷамъияти матлубот ва хоҷагии об меҳмонхона ва 54 магазину ошхона даст.

Соли хониши 1985/86 дар район 14 мактаби миёна, 9 мактаби 8-сола, 20 мактаби ибтидоӣ, 1 мактаби мусиқӣ ва 1 мактаби спортӣ мавҷуд буд. Ба меҳнаткашони район 16 клуб, 19 китобхона, 3 хонаи маданият, ансамбли тарона ва рақс, 3 кинотеатр ва 12 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ хизмат мерасонанд. Дар Қ- инчунин 3 касалхона, 2 амбулатория, 1 поликлиника, 16 пункти тиббӣ, ст. санитарию эпидемиологӣ ва дорухона ҳастанд. Нақлиёти район автомобили ва ҳавоист (аэропорташ дар Дашти Луч). Газетаи районӣ «Дарвози Советӣ» аз 2 нояб. 1937 нашр мешавад.

С. Диловаров.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …