Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА

ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА

ҚАЛЪАИ ҚАҲҚАҲА, димнан ш. Бунҷикат, ки дар наздикии деҳаи Шаҳристони p-ни Уротеппа воқеъ аст. Дар ох. а. 19— ибт. а. 20, с-ҳои 1949—50 Қ. Қ. қисман таҷдид гардид. Аз с. 1956 инҷониб Эксиедицияи археологии комплексии шимоли Тоҷикистон ба ҳафру тадқиқи Қ. Қ. машғул аст. Қ. Қ. аз 3 димнаи алоҳида (Қ. Қ.— I, II, III) ва иншооти атрофи онҳо иборат аст. Қ. Қ.— I ва Қ. Қ— II дар суфаи соҳили чапи Шаҳристонсой, Қ. Қ.—III дар соҳили рости он, қисми ҷан. ғарби деҳаи Шаҳристон ва диг. харобаҳои атроф дар ҳудуди боқимоидаи деҳа воқеанд. Димнаи Қ. Қ.—I деворҳои мустаҳками похсагин (баландиаш то 11 м ва ғафсиаш то 8м), бурҷҳо ва ду дарвозаи истеҳкомӣ (дар деворҳои шимолӣ ва ғарбӣ) дошт. Аз сабаби дар суфаи куҳӣ ҷойгир будани димна ва истеҳкомҳояш Қ. Қ.—I амалан фатҳнопазир буд. Мувофиқи маълумоти хаттию археологи димнаи Қ. Қ.—I шаҳристони ш. Бунҷикат будааст. Қ. Қ.—II ҷанубтари димнаи якум воқеъ буда, сатҳи нисбатан хурдтари чоркунҷа (230 X 210 м), аз тарафҳои Қ. Қ. деворҳои (ғафсиашон то 6 м) дуқабата ва аз Шим. Ш. якқабата дорад. Даромадгоҳи димна (дар кунҷи шим. ғарбӣ) девору бурҷҳои иловагӣ дорад. Дар кунҷи шим. шарқии димна боқимондаи қасри сеқабатаи ҳоким ҳафр шудааст; қисми боқимондаи димна эҳтимол, майдони ҷамъшавии аҳолӣ буд. Қ. Қ.—II куҳандизи аввалини ш. Бунҷикат буда, то а-ҳои 7— 9 вуҷуд дошт ва аз ҳуҷуми лашкари волии Хуросони Хилофати араб хароб шудааст (с. 822). Димнаи Қ. Қ.—III дар қисми ҷан. ғарбии деҳаи Шаҳристон воқеъ буда, саддҳои чукидаи ҷанубӣ, қисман шарқӣ ва шимолӣ, бурҷҳои кунди шарқӣ ва шимолии oн то ҳол боқӣ мондаанд. Истеҳкомҳои Қ. к.—III бузургу пуриқтидор буданд: девори тадқиқшудаи ҷанубии он (ғафсиаш 7 м) се маротиба бино ёфтааст; бурҷи шимолӣ, ки дар соҳили Шаҳристонсой воқеъ буд, ҳангоми муҳосираи қалъа иншооти махфии обтаъминкунӣ дошт, Ҳангоми ҳафриёт дар димна ба миқдори зиёд маснуот: офтобаи сафолини сирдори мурғобишакл, симобкузачаҳое, ки нақшҳои ҳандасию наботӣ доштанд, зарфҳои шишагӣ ва кузачаи биринҷӣ, тангаҳои мисину нуқрагини мансуби ибтидои давраи ҷоришавии дини мелом, аҳди Сомониён, Қарахониён ва ғ. ёфт шуданд. Ин бозёфтҳо ва осори истеҳкомии(Қ—III аз пешрафти ҳунармандию тиҷорат ва дараҷаи баланди маданияти моддии шаҳриён шаҳодат медиҳанд. Димнаи Қ.Қ.—III харобаи работи Бунҷикат аст. Аз Қ. Қ. осори меъморӣ, санъати наққошӣ, кандакории чуб, сафолот, маснуоти заргарӣ ва ғ. ёфт шуданд. Қ. Қ. яке аз истеҳкомҳои бузурги Тоҷикистон дар асрҳои миёна буд, ки дар он ниёгони тоҷикон — истаравшаниҳо ҳаёти мутараққии иқтисодию маданиро аз cap гузаронданд.

Ад.: Негматов Н. Н., Хмельницкий С. Г., Средневековый Шахристан, Д.. 1966; Неъматов Н. Н., Асрори Истаравшан, Д., 1972.

Н.Н. Неъматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …