Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚАЛЪАИ ҲИСОР

ҚАЛЪАИ ҲИСОР

ҚАЛЪАИ ҲИСОР, ёдгории археологи ва фортификационии мансуб ба а. 3 то м.— ибт. а. 20; 6 км дав. шарқтари станцияи р. о. Хонақоҳ, дар ҳудуди p-ни Ҳисор воқеъ аст. Онро с. 1946 М. М. Дьяконов тадқиқ намуд. Қалъа дар болои теппа ҷойгир шуда (масоҳ. 17 га), аз ҷан. шарқ ба ҷан. ғарб тул кашидааст. Қ. Ҳ. девори мустаҳкам, бурҷҳою тиркашҳо ва дарвоза дорад. Қалъа аз се қисм (куҳандиз, «уштурхона». «қурғони кулоба») иборат аст. Куҳандиз (дарозиаш 200 м, бараш 150 м) дар тарафи шарқии қалъа ҷойгир шудааст. Он ох. а. 19 —-ибт. а. 20 қароргоҳи беки Ҳисор буд. Баъди барпо шудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон дар Қ. Ҳ. якчанд муддат аскарони сурх зиндагӣ карданд. Ҷан. ғарбтари куҳандиз «уштурхона» ном дошта, дар он биноҳои хоҷагию истиқоматӣ ҷой доштанд. Дар ин истиқоматгоҳҳо хешу ақрабои бек зиндагӣ мекарданд. «Қурғони кулоба» дар шим. ғарбтари куҳандиз ҷой гирифтааст. Дар ин қисм чашмаҳо мавҷуд буданд ва асосан табақаҳои поёнии аҳолӣ сукунат доштанд. Дарвоза дар тарафи ҷанубии қалъа воқеъ гардида, аз ду тараф бурҷҳо дорад, ки онҳо аз хиштҳои пухта бино ёфтаанд.

kalai-hisor

Дар ҳудуди «қурғони кулоба» бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. бо роҳбарии Б. В- Зеймаль ҳафриёт гузаронданд. Дар натиҷа се давраи ҳаёт ошкор гардид. Давраи якум ба охири даврони Кушониён (нимаи дуюми а. 4) тааллуқ дорад. Аз қабати мансуби ин давра боқимондаҳои девори биноҳои истиқоматии хоҷагӣ ёфт шуданд. Давраи дуюм ба ибтидои замони Кушониён (а-ҳои 1—3 м.), давраи сеюм ба замони Юнони Бохтар (а-ҳои 3—2 то м.) мансуб аст. Баъди барҳам хурдани давлати Кушониён ҳаёт дар қалъа то охири асрҳои миёна барҳам хурдааст. Танҳо а-ҳои 18—19, баъди ба вуҷуд омадани бекии Ҳисор ба қароргоҳи бек табдил ёфт. Аз Қ. Ҳ.-тангаҳои шоҳони кушонӣ, зарфҳою ҳайкалчаҳои сафолӣ ва ғ. ёфт шуданд. Қ. Ҳ. мувофиқи қарори ҷамъияти ихтиёрии муҳофизати ёдгориҳои таъриху мадании Тоҷикисхон ба мамнуъгоҳи таърихӣ табдил ёфтааст ва тармим карда мешавад.

Ад.: Дьяконов М. М., Работы Кофирнига некого отряда. Дар маҷм.: «Материалы Ин-та археологии»,№ 15, 1950.

Т. Отахонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …