Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚАЛЪАИ БРЕСТ

ҚАЛЪАИ БРЕСТ

ҚАЛЪАИ БРЕСТ, қалъаи қаҳрамон, дар резишгаҳи д. Мухавец ба д. Буг (РССБ). Сохтмони Қ. Б. с. 1833 оғоз ёфта дар нимаи дуюми а. 19 ва авв. а. 20 борҳо тарҳи он тағйир дода шуд.

brest

Қ- Б. дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) бо мудофиаи қаҳрамононаи 28-рӯза (аз 22 июнь то 20 июли 1941) шуҳрат ёфт. Мудофиаи Қ. Б. намунаи қатъияти том ва мардонагии ҷанговарони советӣ гардид. Ин корномоии қаҳрамононаи фарзандони халқд буд, ки Ватани худро беҳад дуст медоштанд ва барои он ҷонро дареғ надоштанд. Ба хотири корномоӣ қаҳрамонони К- Б. 8 майи 1965 ба он номи фахрии «Қалъаи қаҳрамон» ордени Ленин ва медали «Ситораи тилло» дода шуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …