Маълумоти охирин

ҚАҲВА

kahva

ҚАҲВА (Coffea), як ҷинси буттаву дарахтони ҳамешасабзест аз оилаи руяниҳо як навъ нушокиест, ки аз қаҳвадона тайёр кунанд. Дар ҷаҳон тақр. 50 намуди Қ. (дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Африка ва Осиё) меруяд. Фақат 4—5 навъи онро дар мамлакатҳои иқлимашон гарми ҳарду Нимкураи Замин мепарваанд. Махсусан Қ.-и арабӣ (С. ага-ica) маъмул аст, ки он дарахти қадпаст буда, барги дарозрӯяи яклухт, гули калони сафед дорад. Мевааш серширан сурх ё бунафши кабудтоб; 2-то дон дорад. Қ-и арабиро аслан дар Ҳабашистон парваридаанд. Парвариши Қ. дар нимҷаз. Арабистон (а-ҳои 14—15) оғоз ёфтааст. Дар а. 18 онро ба Бразилия (ҳоло 50%-и қаҳвазори дуньё дар ҳамин ҷост) бурдаанд. Аз ҳар га қаҳвазор қариб 2 т (аз як бех тақр. 1 кг) қаҳвадона мегиранд. Қаҳвадонаро асосан дар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ, Африка ва Осиё истеҳсол мекунанд. Навъҳои гуногуни қаҳва маъмул аст. Қаҳваҳои яманӣ («мокко»); бразилӣ («сантос» ва ғ.) ва колумбиягӣ («маме») навъҳои беҳтарин ҳисоб мешаванд. Таркиби қаҳва вобаста ба навъаш тағйир меёбад. Қаҳва андаряк 13—14% моддаҳои нитрогендор, 0,65—2,7% кофеин, 2—3% қанд, 12—15% равған, бештар аз 20% клетчатка, 3—4% моддаҳои минералӣ дорад.

Таъсири нашъабахшии қаҳва ба кофеини таркибаш вобаста аст. Нушокии қаҳва кори ғадуди меъдаро низ тақвият медиҳад. Ба шахсоне, ки бемории хафаҷон, захми меъда, ғалаёни хун (гипертония) доранд ё ба бехобӣ гирифторанд, нушидани қаҳва зарар дорад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …