Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАҲҲОРОВ Абдурауф Носирович

ҚАҲҲОРОВ Абдурауф Носирович

kahorov-ab

ҚАҲҲОРОВ Абдурауф Носирович (тав. 22. 9. 1933, Хуҷанд), ҷарроҳи советии тоҷик, доктори илмҳои тиб (1977), проф. (1980), Аъзои КПСС аз с. 1982. Аъочии нигаҳдории тандурустии СССР (1980). Баъди хатми Ин-ти давлатии тиббии Тоҷикистон (1958) дар кафедраи анатомияи ҳамин ин-т ассистент шуда кор кардааст. Ассистент (1966—77) ва доценти (1977—

81) кафедраи ҷарроҳии умумии фак-ти педиатрии Ин-ти давлатии тиббии Тоҷикистон. Аз с. 1981 мудири кафедраи ҷарроҳии умумии фак-ти муолиҷавӣ ва кафедраи бемориҳои ҷарроҳии фак-ти стоматологии ҳамин ин-т. Қ. муаллифи зиёда аз 60 мақолаҳои илмист. Тадқиқоти Қ. асосан ба масъалаҳои омузиши тағйироти функциоиалию морфологӣ ва усулҳои муолиҷаи дарди меъда, ҷигар, талхадон ва роҳҳои талха, инчунин ташхис ва муолиҷаи бемориҳои бавосил оиданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …