Маълумоти охирин

ҚАДАРИЯ

ҚАДАРИЯ (аз ар.  — сарнавишт), даҳрия, ҷараёни динию фалсафиест, ки дар аҳди хилофати Умавиён падид омада, инсонро дар интихоби рафтору кирдораш соҳибихтиёр меҳисобид ва озодии иродаро тарғиб мекард. Маъбади Ҷуҳонӣ ва шогирдаш Гелони Димишқӣ асосгузорони Қ. ба шумор мераванд. Ҷуҳонии масеҳии ироқӣ буд ва дар байни аҳолӣ нуфузи зиёд дошт. Барои таълимоташ ба бидъат айбдор гардида, бо амри халифа Абдулмалик чормех карда шуд. Димишқи сардори мактаби басрагии Қ. буда, ақидаҳояшро натанҳо дар диёри худаш — Димишқ, балки дар Маккаву Мадина низ тарғиб мекард. Уро низ ба бидъат айбдор ва с. 742 бо амри халифа Ҳишом аввал дасту пояшро бурида, баъд дар дарвозаи шаҳр чормех карданд.

Дар таълимоти Қ. роҷеъ ба озодии ирода унсурҳои динҳои пешазисломӣ, махсусан зардуштия мушоҳида мешавад. Аз ин ру, мувофиқи ҳадисе гуё Муҳаммад Қ.-ро барои оҳанги дуалистии таълимоташ «зардуштиёни ҷамоаи мусулмонӣ» номидааст.

Қ. аввалин ҷараёни рационалистие ба ҳисоб меравад, ки дар дохили исломи рошидӣ ба вуҷуд омада, масъалан тақдиру сарнавишти азалиро инкор кардааст ва мардумро дар кору пешаи худ озод ва соҳибихтиёр шуморидааст. Маҳз аз ҳамин сабабҚ. ба муқобллати шадиди ашъария дучор гардида буд.

Баъзе муҳаққиқон муътақиданд, ки Қ. пеш аз муътазлия пайдо шуда ба он роҳ кушодааст, онҳо муътазилиёнро вориси Қ. ва пайравони ғоявии он меҳисобанд. Myқаддасӣ Қ.-ро ба муътазила наздик донистааст. Абулҳасани Ашъарӣ бошад, муътазлиёну қадариёнро дар як саф гузоштааст. Аз ин сабаб пайравони ҷуътазиларо аҳли Қ. низ меномиданд.

Ад.: Мухаммад и 6 в Абдал Карама ш-Шахрастани. Книга о религиях и сектах, ч. 1, М., 1984..

С. Маҳмадуллоев.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …