Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБУЛИИ БУХОРОӢ

ҚАБУЛИИ БУХОРОӢ

ҚАБУЛИИ БУХОРОӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 16). Дар Бухоро ба камол расидааст. Пас аз таҳсили улуми расмии давр ба хидмати Шайбонихон дохил шудааст. Дар тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисории Бухороӣ оид ба мушоираи у ба Аллоҷа ном шоирае сухан меравад. Нисорӣ ду байти дар ҷавоби шоира гуфтаи Қ. Б.-ро овардааст (абьёти гуфтаи шоира дар тазкира нестанд):

Мижгони ту эй нигори раъно,

Бо мо сафи ҷанг менамояд.

Он мурғ, ки кандаи парашро,

Ишқам зада ранг менамояд.

Аз Қ. Б. ашъори пароканда дар тазкираҳову баёзҳо боқӣ мондааст.

У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …