Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБУЛ Абдултании Кашмирӣ

ҚАБУЛ Абдултании Кашмирӣ

ҚАБУЛ  Абдултании Кашмири (с. тав. номаълум, Кашмир — 1725/26 Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз надимони дарбор ва яке аз дустони наздики шоир Муллошоуи Бадахшӣ будааст. Баъдҳо аз дарбор дурӣ ҷуста, дар қалъаи куҳнаи Деҳлӣ умр ба cap бурдааст. Қ. дар шеъру шоирӣ аз шогирдони Мухлиси Кашмири (ваф. байни с-ҳои 1713—19) ва Ҷуёи Кашмирӣ буд. Камоли Хуҷандиро пайравӣ мекард. Дар ашъораш ба мавзуъҳои фалсафӣ, ишқӣ ва тарбиявию ахлоқӣ дахл кардааст. Муқобили таассуб, тарафдори дустона зиндагӣ кардани мардуми гуногунмазҳаб буд:

Шиаву сунниву мулҳид нестам,

Кам касе, донад, ки ин ҳам маслакест.

Аз Қ. девоне боқӣ мондааст, ки ғазал, рубоӣ, мухаммас, маснавӣ ва қитъаҳои уро дар бар мегирад.

 А. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …