Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ СУРХ

ҚАБРИСТОНИ СУРХ

ҚАБРИСТОНИ СУРХ, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 2—7, ки дар мавзеи Галанги дараи Сурхи р-ни Исфара воқеъ аст. Қ. С. аз ду гуруҳи пуштақабрҳо иборат буда, дар адабиёти илмӣ Қабристони Сурх-1 ва Қабристони Сурх-II (Қабристони Галанг) ном гирифтааст. Қ. С. ҳануз тадқиқ нашудааст. Қ. С.-Н 60 пушта (қутраш 8—12 м, баландиаш аз 0,4 то 1,6 м) дорад, ки онҳо дар масофаи 5—15 м аз ҳамдигар воқеъ гардидаанд. Қабристонро с. 1956 бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. кашф ва с. 1958 пурра тадқиқ намуданд. Пуштаҳо аз руи аломатҳои зоҳирӣ ба се гуруҳ тақсим мешававд: 1) пуштаҳои доирашакл ва конусшакл, 2) пуштаҳои хурд-хурде, ки аз сангрезаҳо иборатанд, 3) пуштаҳои ҳалқашакл. 5 пушта кенотаф (пуштаи беқабр) буда, боқимонда пуштаҳо лаҳад ва маток доранд. Аз Қ. С. зарфҳои сафолӣ, шадаи марҷон, сурмасанг, маснуоти оҳанӣ, асбоби ороишии биринҷӣ ёфт шуданд.

Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …