Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ ИСФАРА

ҚАБРИСТОНИ ИСФАРА

ҚАБРИСТОНИ ИСФАРА, ёдгории археологии мансуб ба ҳазораи 1 и., ки дар ҳаволии ш. Исфараи вил. Ленинобод воқеъ аст. Онро бостоншиносон Б. А. Латыиин (1934), Т. Г, Оболдуева (1936) ва кормандони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. (1958) тадқиқ намудаанд. Қ. И. аз ду гуристон иборат буда, дар адабиёти илми номи қабристони «Исфара-1» ва «Исфара-2» маълум аст. «Исфара-1» дар соҳили д. Исфара воқеъ гашта, 70 пуштаро дар бар мегирад. Масофаи байни пуштаҳо 5—10 м. Пуштаҳоро шағал пушидааст. Қабрҳои ҳафршуда лаҳаддор ва оддианд. Дар онҳо майитро яктоӣ ва cap ба ҷануб ё шарқ дафн кардаанд. Ду кенотаф (як навъ қабр) низ кашф гардидааст. Аз қабрҳо курсӣ, табақу кузаи чубӣ, сабат, зуруфи сафолӣ, корду пайконҳои филизӣ, муҳра ва ғ. ёфт шуданд.

Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …