Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ ДУШАНБЕ

ҚАБРИСТОНИ ДУШАНБЕ

ҚАБРИСТОНИ ДУШАНБЕ, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 1— 2 м., ки дар қисми шим. ғарбии ш. Душанбе воқеъ аст. Масоҳаташ бештар аз 20 га. С. 1951 бостоншиносон Н. Н. Забелина ва М. М. Дьяконов дар қисми шарқии қабристон хуми майитҳорро ёфтанд, ки дар руи он бо ҳуруфи юнонӣ ба забони тахорӣ калимаҳо сабт гардидаанд. С. 1956 дар рафти сохтмон қабрҳои мағокии аз хишти пухта биноёфта низ ёфт шуданд. Минбаъд Қ. Д.-ро бостоншиносони Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. тадқиқ намуданд. Дар натиҷа ду хели дафнкунӣ — дар Марокко ва хумҳо маълум гардид. Аз қабрҳои мағокӣ ҳалқаи тилло (диаметраш 1,7 см), порчаҳои зарфҳои бесир, оинаи биринҷӣ ба даст омаданд. Аз Қ. Д. хумҳои пури устухони одамӣ ёфт шуданд. Бозёфтҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар байни сокинони ин маҳал ду навъ маросими дафн вуҷуд доштааст.

Ад.: Литвинский Б. А., Седов А. В., Культы кушанской Вактрии, м 1984.

Э. Ғуломова

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …