Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ АШТ

ҚАБРИСТОНИ АШТ

ҚАБРИСТОНИ АШТ, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 1—2 ва 6 —7, ки дар ҷан. шарқи деҳаи Ашт, p-ни Ашти вил. Ленинобод воқеъ аст. Қ. А-ро С; 1885 шарқшиноси рус Н. И. Веселовский кашф ва чанде аз қурумҳоро тадқиқ намуд. С-ҳои 1957, 1961, 1966, 1973 кормандони сектори археологияи Ин-ти таърихи АФ РСС Тоҷ. тадқиқи Қ. А.-ро идома доданд. Қ. А. аз 50 қурумӣ борат аст. Қурумҳо ба теппаи сангӣ монанд буда, баландиашон то 2,5 м ва диаметрашон 7—13 м аст. Қурумҳои Қ. А. муғхона ва устадон доранд. Аз қабрҳо тиру пайконҳои филизии сеқира (а-ҳои 3, 6—7 м.), корд, сагаки ҳалқадори тасма, чархдуки сафолӣ, сурмасанг, ҳалқаҳои оҳанию биринҷӣ, ангуштарӣ, дастпона, зангулача, оина, муҳра, овеза, тангаҳои биринҷии хитоӣ, дулча, куза, табақ, тубаку зуруфи сафолие ба даст омаданд, ки онҳоро бо ангоб андудаанд.

Ад.: СалтовскаяБ. О раскопках могильников Ашт и Дашти Ашт в 1973 г., APT, в. XIII (1973), Д., 1977.

Б. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …