Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ҚАБРИСТОН

ҚАБРИСТОН

ҚАБРИСТОН, ҷои дафнкунин майитҳо. Дафнкунии майитҳо ҳануз аз давраи палеолит (тақр. 50—40 ҳаз. сол муқаддам) оғоз ёфтааст. Дар он давра майитҳоро дар худи қароргоҳ мегурониданд. Қ.-ҳо дар давраи мезолит пайдо шудаанд. Даҳмаю новусҳоро барои дафни майитҳо дар Суғд, Истаравшан, Фарғона, Чоч ва Бохтар низ васеъ иствфода мебурданд. Дар Қ-ҳои Суғд даҳмаҳое ёфт шудаанд, ки дар онҳо майитҳоро муваққатан мегузоштаанд ва баъди аз гушт тоза шудани устухон онро ба хумҳо ё устадонҳо андохта дар новусҳои авлодӣ ё оилавӣ мениҳодаанд.

kabriston

Дар натиҷаи тадқиқоти археологӣ маълум шуд, ки дар давраи атиқа майитҳоро дар Қ-ҳои авлодӣ, оилавӣ ва шаҳрӣ дафн мекардаанд. Дар ш-ҳои Тахористон, майитҳоро бе устадон ва дар деҳот бошад, дар устадонҳо ва хумҳо мегуронидаанд.

Баъди дар Осиёи Миёна ҷорӣ шудани дини ислом ду намуди гур — лаҳаддор ва шомӣ маъмул гардид. Аммо одати мақбараю сагонасозӣ боқӣ монд. Қабри шомӣ аз чуқурии росткунҷа иборат буд ва онро аксаран дар ҷойҳои заминаш санглохи барои қабрҳои лаҳаддор номувофиқ мекофтанд Болои қабри шомиро бо тахтасанг ё чуб мепушонанд. Дар қабрҳои мусулмонӣ маитро бо тахтапушт, cap ба суи шимол ва ру ба ғарб (қибла) дафн мекунанд. Одатан сари қабри майит санг, чуб зарфҳои сафолӣ ва ғ. гузошта мешуд. Дар Қ. майитҳоро дар атрофи қабри саравлод мегуронидагӣ шуданд. Пас аз барпо гардидани Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон Қ-ҳо аз тарафи ташкилотҳои дахлдор таъмиру обод гардоинда мешаванд. Дар онҳо барои абадӣ гардонидани хотираи барпокунандагон Ҳокимияти Советӣ дар сарзамини тоҷикон, ходимони барҷастаи партиявию советӣ, илму маданият ва диг. муҷассамаҳо мегузоранд.

Ад.: Толстов С. П.. По древним дельтам Окса и Янсарта, М., 1962; Литвинский Б. А., Седов А. В., Теппаи-шох, М., 1983.

Ю. Ёқубов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …