Маълумоти охирин

ҚАБИЛА

ҚАБИЛА (ар      —қавм, тоифа), як навъ умумияти этникӣ ва ташкилоти иҷтимоии ҷамъияти тосинфиро гуянд. Аломатҳояш муносибатҳои авлодию хунии байниаъзоёни он, тақсими Қ. ба авлоду фратрия (шакли ташкилоти иҷтимоӣ дар Юнони Қадим), умумияти территория, баъзе унсурҳои хоҷагӣ, забони ягона (шева), худшиносии қабилавӣ, урфу одати муайян ва ғ. мебошад.

Қ-ҳои давраи мутааххир худидоракунни қабилавӣ (шурои қабилавӣ, пешвоёни ҳарбию гражданӣ) дорад. Иттифоқи Қ.-ҳо ва омехташавии онҳо барои ба вуҷуд омадани умумияти бузургтаре нисбат ба Қ— халқият мусоидат кард. Қ. баъзан дар ҷамъияти синфӣ, дар доираи муносибатҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва ҳатто капиталистӣ (Қ.-ҳои кучманчии араб, туарегҳо, курдҳо, афғонҳо ва ғ.) мушоҳида мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …