Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯҳсори Тибет

Кӯҳсори Тибет

ТИБЕТ, Тибат, (кӯҳсори Тибет), кӯҳсорест дар Осиёи Марказй, асосан дар Хитой. Масоҳаташ қариб 2 млн км3, баландиаш аз 4—5 ҳазор то 6— 7 ҳазор метр. Аз Гарб бо қаторкуҳҳои Қароқурум, аз Шимол бо куҳҳои Кунлун, аз Шарқ бо куҳҳои Сино-Тибет (баъзан ҳамаи ин системаҳои кӯҳӣ ба Тибет ҳамроҳ карда мешаванд), аз Ҷануб бо куҳҳои Ҳимолой ҳамҳудуд аст.

k-tibet
Дар Тибет аз сарватҳои зеризаминӣ пошхӯрдаҳои тилло ва касситерит, конҳои маъдани полиметаллӣ ва ангиштсанг мавҷуданд. Дар кӯлҳои сарбаста захираи калони танакор ва сода ҳаст. Иқлими Тибет бинобар дар баландии зиёд ва дохили материк ҷойгир шуданаш хеле хушк ва хунук аст. Дараҳои калонтарни — Хуанхэ, Янцзы, Меконг, Салуин, Браҳ- мапутра (Цангпо) ва Ҳинд. Дар баландии 4500—5300 м (дар хамиҳои тектоники) кӯлҳон бисёре воқеъ гаштаанд. Калонтарини онҳо: Намцо, Селлинг, Данграюм.
Дар Тибет бештар хокҳои даштӣ ва биёбонии баландкуҳӣ паҳн шудаанд. Бисёр ҷонҳон кӯҳсор қабати хок надорад да дар он ҷойҳо растанӣ намерӯяд.
Олами ҳайвоноти Тибет: ғажгов, оҳуҳои оронго ва ада, архар, гавазни мушкин, заргӯш, муши даштӣ, хирс, рӯбоҳ, шағол ва ғайра. Аз паррандаҳо мурғи ҳилол, саҷа ва ғайра вомехӯранд. Дар кӯлу дарёҳо моҳӣ бисёр аст. Оид ба соҳаҳои хоҷагии Тибет нигаред низ Райони автономии Тибет.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …