Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯҳҳои ФОН

Кӯҳҳои ФОН

ФОН (кӯҳҳои Фон), кӯҳсорест дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор, дар ҳудуди раёнҳои Панҷакенту Айнӣ. Аз водии дараҳои Арчамайдону Киштӯд (дар ғарб) то водии дараҳои Искандару фон (дар шарқ) ба масофаи 45—50 км тӯл кашидааст. Кӯҳҳо асосан аз оҳаксанг, варақсанг, алевролит ва регсанг таркиб ёфтаанд, ки синнашон ба давраҳои силуру девон мансубанд. Дар кӯҳҳои Фон, махсусан дар қисми марказии он, қуллаҳои баланди нӯктез бисёранд; Чимтарра—5489 м (аз рӯи маълумотҳои дигар 5487 ва 5494 м), Ғанзаи Калон —5415 м, Чапдара — 5304 м, Бодхона —5300 м, Москва — 5183 м, Ғанааи Хурд —5031 м ва ғайра. Қуллаҳои баланд тамоми сол барфпӯшанд; дар нишебии онҳо пиряхҳои на чандон калон (Имат, Чимтарға ва ғайра) мавҷуданд.

kuh

Ба туфайли ағбаҳои баланди Аловуддин, Қазноқ ва Амшут (беш аз 4000 м) аз водии Киштӯд ба водии Фон ва Искандаркӯл роҳи пиёдагард ҳаст. Дар Фон қариб 30 кӯл (Искандаркӯл, Кӯли Калон, Чуқурак, Ало, Аловуддин ва ғайра) мавҷуд аст. Аз Фон рӯдҳои бисёре ҷорӣ мешаванд (калонтаринашон Пасрӯд, Сарима, Арғ, Уреч, Амшут). Ҷо-ҷои нишебии кӯҳҳо арчазору алафзоранд. Дар дараҳо зарбед, зирк, настаран, қот, мушша (мушол), ғӯш, хома, чайтан, яхак ва ғайра мерӯянд. Фон яке аз гӯшаҳои хушманзари кӯҳсори Тоҷикистон, мавзеи дӯстдоштаи сайёҳон ва кӯҳнавардон аст.
К. Вазиров.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …