Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли САРЕЗ

Кӯли САРЕЗ

САРЕЗ, Саррез, кӯлест дар ҳудуди районҳон Рушон ва Мурғоби Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Дар ҷараёни поёнинд. Мурғоб (ҳавзаи Бартанг), байни қаторкӯҳхои Аличури Шимолӣ ва Музқӯл, дар баландии 3260 метр воқеъ гаштааст. Масоҳати сатҳи оби кӯл 79,4 километр2, тулаш 55,8 километр. Ҷои аз ҳама сербараш 3,3 километр; ҳисоби миёнаи чуқурй 200 метр, ҷои чуқуртаринаш 496,6 метр. Ҳаҷми об 15,85 километр. Каму зиёдшавии солонаи сатҳи об қариб 6 метр. Оби кӯл охири октябр нимаи аввали январ ях баста, охири март нимаи аввали май об мешавад. Ба Сарез дарёҳои Лангар, Каттамарҷанай, Ватасаиф ва боз бисёр дарёчаҳои хурд мерезанд.

sarez

Ба Сарез Соли 1938 дар резишгоҳи дарёи Лангар стансияи обуҳавосанҷии «Ирхт» сохта шуда буд. Аз рӯи охирин корҳои тадқиқотии Управленияи республикавии Тоҷикистон оид ба обуҳавосанҷӣ ва назорати муҳити табиӣ муқаррар шудааст, ки сатҳи оби кӯл як хел наистода соле 0,5 метр баланд мешавад. Кӯл 19 феврали 1911 дар натиҷаи канда шудани кӯҳ ва бо кӯҳпораҳои ҳаҷмашон зиёда аз 5 миллион метр3 банд шудани маҷрои дарёи Мурғоб пайдо шудааст. Дар натиҷаи ин офати табиӣ деҳаи Усой зери кӯҳпораҳо монд. Оби дарёи Мурғоб тадриҷан ҷамъ шуда, аз кӯҳтеппа ҳам гузашт ва деҳаи Сарезро, ки 18 киломтер болотар аз Усой воқеъ гардида буд, тамоман зер кард. Ҳамин тавр, кӯли Сарез ба вуҷуд омад. Ба тарафи кӯл ғайр аз ду пайраҳаи пиёдагард дигар роҳи нақлиёт нест. Ба он ҷо бештар бо вертолёт рафтуо мекунанд. Зеро ки пеши роҳи Сарез бо дараҳои ваҳмангез, ағбаҳои душворгузар ва пиряхҳои овезон банд шудааст. Бо вуҷуди он дар ин ҷо бо мақсади дар оянда ба манфиати хоҷагии халқ истифода бурдани оби кӯл корҳои зиёди тадқиқотӣ бурда мешавад. Феврали 1981 70-солагии пайдоиши кӯл қайд карда шуд. Г. А. Кирносов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …