Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҚАБРИСТОНИ ҚАРОМАЗОРСОЙ

ҚАБРИСТОНИ ҚАРОМАЗОРСОЙ

ҚАБРИСТОНИ ҚАРОМАЗОРСОЙ, ёдгории археологии мансуб ба а-ҳои 3 то м.—7 м., ки дар ду соҳили Қаромазорсой деҳаи Қаромазори р-ни Хуҷанди вил. Ленинобод, наздикии мавзеи Чилдухтарон (Қирқиз) воқеъ аст; Қ. Қ. тақр. 100 қуруми тоқа ва гуруҳ-гуруҳ ҷойгирифтаро дар бар мегирад. Қ. Қ. с. 1955 тадқиқ гардид. Қурумҳо аз ҷиҳати сохт гуногунанд. Як қисмашон муғхонаанд. Сақфи гурхона гумбазшакл буда, болои даромадгоҳаш бо тахтасангҳо пушонида шудааст. Гуруҳи дигари қабрҳо чун сандуқи сангие буда, садфашон гунбазию мусаттақанд ва аксаран даромадгоҳ надоранд. Устухонҳо сахт осеб дидаанд. Аз қабрҳо зарфҳои сафолӣ, пайконҳо ва сузанҳои оҳанӣ, милҳои сангин сурмакашӣ, графит ва ғ. ёфт шуданд.

Ад.: Литвинский Б. А., Курганы и курумы Западной Ферганы, М.. 1972.

Е. Д. Салтовская.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …