Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии Ямани Араб

Ҷумҳурии Ямани Араб

ЯМАН, Республикаи Ямани Араб, РЯА (Ал-Ҷумҳурия ал-Арабия ал-Ямания давлатест дар қисми дан. Ғарби ним-ҷаз. Арабистон. Аз ғарб бо б. Сурх иҳота аст. Мл соҳ. 195 ҳаз. км2. Аҳолиаш 9,3 млн наф. (1986), асосан арабҳо. Забони давлатӣ — арабӣ. Дини ҳукмрон — ислом. Пойтахташ Саню. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор—Маҷлиси муассисони халқӣ. Қариб аз се ду қисми мамлакатро куҳсори Ҷабал (баландиаш то 3600 м, к. Ан Наби-Шаиб) ишғол кардааст. Қад-қади соҳилҳои б. Сурх пастии Тиҳома (бараш 56—00 км) тул кашидааст. Дар шарқ паҳнкуҳи начандон баланд воқест. Иқлимаш тропикпи хушк. Дар нишебии куҳҳо буттазарҳо (буттаҳои ақоқиё, мимоза, савр ва ғ.) мавҷуданд.

flag_of_north_yemen

Дар натиҷаи революцияи зидди мутлақият сент. 1902 Республлкаи Ямани Араб эълон шуд. Ҳамон сол сохти ғуломдорӣ бекор, заминҳои хонадони шоҳ ва тарафдорони фаъоли ҳокимияти мутлақи мусодира карда шуданд. Я. аз с. 1928 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад. 1964 байни СССР ва РЯА шартнома дар бораи дустӣ баста шуд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — деҳқонӣ ва чорводорӣ. Зироатҳои асосии х. қ.: қаҳва, хурмо, ангур ва диг. меваҳо, кат (гиёҳи нашъадор), пахта, тамоку, ҳино, ҷав, зироатҳои лубиёгӣ. Дар ноҳияҳои шарқӣ чорводории бодиянишинӣ (гусфанд, буз, зебу, уштур, хар ва ғ.) тарққӣ кардааст. Аз баҳр моҳӣ, марворид мегиранд. Намаки ош, сангҳои резакорӣ, маъдани оҳан истихроҷ мекунанд. Матоъбофӣ, заргарӣ, кулолӣ, яроқсозӣ касбҳои анъанавианд. Тули роҳҳои автомобилгард беш аз 7 ҳаз. км (1984). Ба хориҷа қаҳва, кат, пуст, намаки ош, мавиз мефурушад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: РХДЯ, Арабистони Саудӣ, Япония, СССР, РФГ. Воҳиди пул — риали РЯА.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …