Маълумоти охирин
Главная / Илм / Аломати ҷудоӣ – Ь

Аломати ҷудоӣ – Ь

myaxkiy-znak

Ь, аломати ҷудоӣ, ҳарфи алифбои пешинаи тоҷикист, ки аз алифбои русӣ (1940) гирифта шуда буд. Шакли навишти чопиаш Ь, дастнависаш 6 мебошад. Ь овози мустақилро ифода намекунад. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик дар мавридхои зерин истифода мешавад: дар калимаҳои решагӣ ҳамчун аломати ҷудоӣ пеш аз ёдбарсарҳо ё, и, ю, я (дарьё, бисьёр, мадыюн, гирья ва ғ.). Ь барои ифодаи талаффузи ҳамсадоҳо дар калимаҳои аз забони русӣ иқтибосшуда навишта мешавад (повесть, Горький ва ғ.); дар калимасозӣ пеш аз садонок навишта намешавад (автомобили боркаш, повести ишқӣ ва ғ.).

В. Капранов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …