Маълумоти охирин

Ҷон Непер

Непер, Н е й п и р (Napier)  Ҷон (1550, Мерҷистоп-Касл, назди Эринбург —4. 4. 1617, ҳамон ҷо), матема­тики шотланд, кашшофи логарифмҳо. Дар Университети Эдинбург таҳсил намудааст. Непер пуқтаҳои асосии таълимот доир ба логарифмҳоро то соли 1594 аз худ карда бошад ҳам, асари ӯ «Тавсифи ҷадвали аҷоиби логарифмҳо», ки ба ин масъала бахшида шу­да аст, танҳо соли 1614 нашр гардид. Ин асар таърифи логарифмҳо, шарҳи хосияти онҳо, ҷадвали логарифмҳои синусҳо, косинусҳо, тангенсҳо ва масъалаи дар тригонометрияи сферавӣ татбиқ намудани логарифмҳоро дар бар мегирад.

Непер дар «Сохтани ҷадвали аҷоиби логарифмҳо» ном acapаш, ки соли 1619 нашр шудааст, принсипи ҳисоб кардани логарифм­ҳоро баён кардааст. Таърифи кинематикии логарифм, ки Непер додааст, мантиқан бо таърифи функсияи логарифмӣ тавассути муодилаҳои диф- ференсиалӣ баробарқувва мебошад. Непер чанд формулаи логарифмониеро, ки барои ҳалли масъалаҳои тригоно­метрияи сферавӣ хеле мувофиқанд, кашф кардааст.

Ад.; История математики, т. 2, М., 1970.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …