Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи ТИМОР

Ҷазираи ТИМОР

ТИМОР (Timor) ҷазираест дар галаҷазираи Малай. Масоҳаташ қариб 34 ҳазор км2. Тимор дар байни ҷазираҳои Зонди Хурд аз ҳама калонтарин аст. Релефаш асосан кӯҳист; баландиаш то 29М м. Вулқонҳои лойфишон дорад. Иқлимаш субэкватории муссонӣ; ҳарорати ҳаво дар соҳилҳо тамоми сол 25—270С. Боришоти солона 1500 мм. Саваннаҳои баландалаф, қитьаҳои алоҳидаи бешаҳои тропикӣ ва плантасияҳои қаҳваю нахли норҷил мавҷуд буда, шолӣ ва ҷуворимакка кошта мешавад.

timor

Шаҳрҳои асосиаш: Купанг ва Дили. Охири асри 18 ҷазираро мустамликадорони Нидерландия ва Португалия байни худ тақсим карданд. Қисми ҷанубу ғарбиаш ба Нидерландия, қисми шимолу шарқӣ ва қитъаи на чандон калони қисми ғарбиаш ба Португалия гузашт. Баробари ташкил ёфтани Республикаи Индонезия (1945) қисми нидерландии Тимор ба ҳайати Индонезия дохил шуд. Индонезия соли 1976 Тимори Шарқиро музофоти худ эълон кард.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …