Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи ТАЙВАН

Ҷазираи ТАЙВАН

ТАЙВАН, Формоза, ҷазираест дар уқёнуси Ором, дар наздикии соҳилҳои шарқии қисми материкии Хитой. Тайванро аз материк гулӯгоҳи Тайван ҷудо кардааст. Якҷоя бо ҷаираҳои Пэнху музофоти Тайвани РХХ-ро ташкил медиҳад. Аз Шимол ба Ҷануб ба масофаи 394 км тӯл кашидааст; бараш то 140 км, масоҳаташ қариб 36 ҳазор км2. Аҳолиаш 17 млн нафар (1980). Сар то сари ҷазира куҳҳои Тайван (баландиашон то 3950 м), дар Шимол гурӯҳи вулқонҳои хомӯшшуда, дар ғарб ҳамвории наздисоҳилӣ воқеъ гаштаанд. Серзилзила. Сарватҳои табиаташ: ангиштсанг, гази сӯзанда, нефт, тилло, сулфур ва маъданҳои полиметаллӣ. Иқлимаш дар Шимол субтропикӣ, дар Ҷануб тропикии муссонист. Ҳарорати январ 15—20°С, июл 25—30°С; боришоти солона дар ҳамвориҳо 1500—2500 мм, дар кӯҳҳо то 5000 мм. Моҳҳои август— сентябр тӯфонҳои сахт ба амал меоянд.

o-tayvan
Иқтисодиёти Тайван хусусията саноатию аграрӣ дорад. Соҳаҳои асосии саноат: бофандагӣ, радиоэлектроника, киштисозӣ, хӯрокворӣ (махсусан истеҳсоли қанд), химия ва химияи нефт, семент, чӯбу тахта, пӯлодгудозӣ, аллюминий. Марказҳои муҳими саноатиаш: Тайбэй, Цзилун, Гаосюн, Тайчжун. Аз ҷиҳати истеҳсол ва экспорти равғани кофур Тайван дар ҷаҳон ҷои якумро мегирад. Соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ парвариши найшакар, батат, ананас, банан, мандарин, чой ва шоликорист. Хукпарварӣ ва моҳидорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Оид ба ҷазира дар маъхазҳои хитоии асрҳои
1—2 маълумоти нахустин зикр ёфтааст. Дар асри 13 Тайван расман ба ҳайати Хитой гузашт. Соли 1949 пас аз ғалабаи револютсияи халқӣ ва ташкил ёфтани Ресспубликаи Халқии Хитой боқимондаҳои гурӯҳи гоминданчиён ва армияи онҳо Тайванро паноҳгоҳи худ қарор доданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …