Главная / Ҷуғрофия / Ҷазираи Мадура

Ҷазираи Мадура

МАДУРА (Madura), ҷазираест дар галаҷазираи Малай, дар наздикии соҳилҳои шимолу Шарқии Ява. Тобеи Индонезия. Масоҳаташ қариб 4,5 ҳазор км2. Рельсфаш бештар теппадор (баландиаш то 471 м). Ҷазира асосан аз мергелҳо ва оҳаксангҳо таркиб ёфтааст. Иқлими Мадура субэкваторӣ, муссонӣ. Бешаҳои тропикии баргрез. буттазору саваинаҳо мавҷуданд. Шолӣ, ҷуворимакка, тамоку ва маниока мепарваранд. Дарозиаш 160 километр.

Мадура

Чорводорӣ ривоҷ ёфтааст. Сокинони ҷазира инчунин бо моҳигирӣ ва истихроҷи намак машғуланд. Шаҳри асосии Мадура— Памекасан.

ДАР ХАРИТА

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …