Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман

Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман

ЯМАН, Республикаи Халқии Демократии Яман. РХДЯ (Ҷумҳурии Яман ад-Димукратия аш-Шаабия давлатест дар ҷануби нимҷаз. Арабистон. Аз ҷануб бо б. Араб ва хал. Адан иҳота аст. Масоҳ. 336,5 ҳаз. км3 (бо ҷаз-ҳо), Аҳолиаш 2,5 млн наф. (1985), асосан арабҳо (беш аз 90%); аҳолии шаҳрӣ 29%. Забони расмӣ — арабӣ. Дини ҳукмрон — ислом. Пойтахташ ш. Адан. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 6 губернатор тақсим шудааст. Органи қонунбарор — Шурои олии халқии якпалатагӣ.

yaman

Қисмҳои ғарбӣ ва марказии мамлакатро куҳсор (баландиаш то 2513 м), шарқиашро ҳамвории паҳновар (баландиаш аз с. б. то 1000 м) ишғол кардаанд. Иқлимаш тропикии хушк, ҳарор. 25—30°С, боришоти солона 40—700 мм. Дарьёҳои доимӣ қариб нестанд. Асосан растаниҳои биёбонӣ ва дар куҳҳо ҷо-ҷо растаниҳои саваянагӣ (бештар ақоқиё) меруянд. Дар биёбон баъзан воҳаҳо во-мехуранд.

Нояб. 1967 дар натиҷаи муборизаи яроқноки халқӣ бар зидди мустамликадорони англис дар Я.-и Ҷанубӣ давлати мустақил барпо карда шуд. 30 нояб. 1967 Республикаи мустақили Халқии Ямани Ҷанубӣ эълон гардид. Бо роҳбарии Партияи социалистки Я. дигаргуниҳои прогрессивии сиёсӣ ва иқтисодӣ гузаронида мешавад. РХДЯ бар зидди империализм сиёсати берунаи фаъолона мебарад. Аз с. 1967 бо СССР муносибати дипломатӣ дорад.

Я. мамлакати аграрист. Ислоҳоти аграрӣ (1978) пурра ба амал гузаронида шудааст; дар иқтисодиёт секторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бартарӣ доранд. Барои тараққиёти иқтисодиёт асосан мамлакатҳои социалистӣ ва баъзе мамлакатҳои Араб ёрӣ мерасонанд. Зироати асосии х. қ.: пахта, кунҷид, қаҳва, тамоку, сабзавот, меваҳои тропикӣ (хурмо, нордил ва ғ.). Чорводории бодиянишннӣ (гусфанд, буз, уштур, хар, гов) тараққӣ кардааст. Аз баҳр моҳӣ мегиранд. Аксари корхонаҳои саноатӣ хурданд. 3-ди коркарди нефт мавҷуд аст, ки он қариб 4/5 ҳиссаи маҳсулоти умумии саноатиро медиҳад. Тули роҳҳои автомобилгард қариб 9,06 ҳаз. км (1985). Бандари асосии баҳриаш — Адан. Ба хориҷа маҳсулоти нефт, пуст, қаҳва, тамоку, моҳӣ мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Япония, СССР ва диг. мамлакатҳо. Воҳиди пул—динори РЗДЯ.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САЯН

САЯН (кӯҳҳои Саян), кишвари кӯҳиест, ки дар қисмҳои ҷанубии кишвари Красноярск ва вилояти Иркутск, қисми …