Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ибни Фавтӣ

Ибни Фавтӣ

ФАВТӢ Ал -Фавтӣ Қамолуддин ибни Муҳаммади Собунӣ, маъруф ба Ибни Фавтӣ (1245, Бағдод — 1323, ҳамон ҷо), олим ва донишманди араб. Ба Марв барои таҳсил омадааст. Ҳангоми ҳамлаи муғул дар ин шаҳр асир шуда, баъдтар бо ёрии Насируддини Тӯсӣ озод мешавад ва дар назди ӯ улуми замонаро меомӯзад. Муддате вазифаи китобдори расадхонаи Мароғаро адо кардааст. Баъд ба Бағдод бозгашта китобдори мадрасаи Мустансирияи Бағдод таъин мешавад. Фавтӣ солҳои охири ҳаёти худро дар Бағдод гузаронидааст. Дар фалсафа бештар ба устоди худ Насируддини Тӯсӣ пайравӣ кардааст. Аз мероси илмӣ ва адабии ӯ «Китоб-ул-ҳаводис-ил-ҷомеъа» ва баъзе порчаҳои Маҷмаъ-ул-одоб фӣ мӯъҷам-ил-асмо ва л-алқоб» боқӣ мондааст. Фавтӣ ба забони точикӣ ашъори зиёд навиштааст. У. Тоиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …