Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи ХУАНХЭ

Дарёи ХУАНХЭ

huanhe

ХУАНХЭ, дарёи 3ард, дарёест дар шаҳри Хитой, яке аз калонтарин дарёҳои Осиё. Тулаш 4845 км, масоҳаташ ҳавзааш 771 ҳаз. Км2. Xуанхэ аз шарқи куҳсори Тибет ибтидо меёбад. Аз ҳамвории Хэтао, пуштакўҳи Лессӣ, ҳамвории Бузурги Хитой гузашта ба хал. Бохайвани б. Зард мерезад. Дар резишгоҳаш делта (қариб 2 хаз. км2) дорад. Сарфи миёнаи об қариб 2000 м3/сон. Гоҳ-гоҳ обхезию обзеркунӣ  рўй медиҳад, маҷро ҷояшро то 800 км иваз мекунад. Обаш серлой (35—40 кг/м3) . Барои обёрӣ истифода мешавад. Дар Xуанхэ бо ёрии СССР ГЭС-ҳо сохта шудаанд. Дар баъзе ҷойҳои Xуанхэ (тўли умумиашон 790 км) киштӣ мегардад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …