Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХОРОШХИН Александр Павлович

ХОРОШХИН Александр Павлович

ХОРОШХИН Александр Павлович (тав. номаълум — ваф. 1675), муарих-этнограф, тадқиқотчии Осиёи миёна. С. 1865 бо унвони ясавул ба кишв. Туркистон омада, вазифаҳои гуногуни идоракунии ҳарбию халқиро иҷро намуд; иштирокчии юришҳои ҳарбии Бухоро (1869), Хева (1873) ва Хуҷанд (1875). С. 1872 дар ҳайати «Комиссия барои ташкили идоракунии қиғизҳо» ба Қизилқум рафт. С. 1873 ба ҳайати шурои хонии Хева дохил шуд. У дар ин кишвар ҳамчун этнограф бештар ба маҳалҳои аҳолинишин эътибор медод. С. 1875 «Маҷмўаи мақолаҳо оид ба кишвари Туркистон» нашр карда шуд. Маҷмўаи мазкур мақолаҳои «Водии Зарафшон», «Самарқанд», «Аввалин Қуръон», «Баҳори 1868 дар Осиёи Миёна» ва ғ. дар бар мегирад.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …