Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Гонконг

Гонконг

hon-hong

СЯНГАН, Гонконг, сарзаминест дар Осиёи Шарқӣ (дар ҷанубу шарқи Хитой). Сянган аз ду қисм иборат аст: 1) ҷазираи Сянган ва қитъаи хурди нимҷазираи Цзюлун, ки онро Британияи Кабир соли 1842 зӯран аз Хитой гирифта буд; 2) қисми зиёди нимҷазираи Цэюлун якҷоя бо ҷазираҳои ҳамшафат, ки онҳоро Британияи Кабир соли 1898 аз Хитой ба мӯҳлати 99 сол иҷорагирифтааст. Масоҳаташ 1 ҳазор кма. Аҳолиаш 5,5 млн нафар (охири 1985), асосан хитоиҳо (96%). Забонҳои расмӣ — англисӣ ва хитоӣ. Маркази маъмуриаш — Сянган, Саноати сабук (асосан ба экспорт маҳсулот мебарорад). савдо ва амалиёти молиявӣ (124 банк, 1982) инкишоф ёфтааст. Аз хориҷа ашёи хом, хӯрокворӣ, дастгоҳу мошин ва таҷҳизот (аз Хитой, ШМА, Япония, РФГ, Британияи Кабир) харида мегирад. Тӯли роҳи оҳан—36,6 км, роҳҳои автомобилгард —1,2 ҳазор км. Байни ҷазираи Сянган ва нимҷазираи Цэюлун туннели зериобӣ ҳаст. Туризм инкишоф ёфтааст (2,8 мллионнафар, 1984). Воҳиди пул — доллари сянганӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …