Маълумоти охирин

ХОҚОН

ХОҚОН, қоон, лақаби подшоҳони турк ва муғулу чинро дар асрҳои миёна гўянд. Муҳаммади Хоразмӣ дар «Мафотеҳ-ул-улум» Хоқонро хони хонҳо маънидод кардааст. Аввалҳо ин лақаб ба пешвоёни қабилаҳои жужан (нттиҳоди қабилаҳои бодиянишоне, ки дар ибтидои асрҳои миёна дар даштҳои Манҷурияи Ғapбӣ, Муғулистон ва Туркистон мезистанд) дода мешуд. Аз а. 6 cap карда шоҳони Хоқонии туркро низ бо ин лақаб ном мебурданд. Минбаъд ҳукмронони дигар давлатҳою халқҳои туркзабонеро, ки аслу насабашон ба онҳо мерасид (аварҳо, қирғизҳои Енисей, хазариҳо ва ғ.) Xоқонӣ мегуфтагӣ шуданд. Дар Империяи феодалии муғул Xоқонӣ ба маънои император истифода шуда, сардорони давлатҳои ба ў тобеъро хон меномиданд. Дар сарчашмаҳон таърихӣ ва адабиёти классикии форс-тоҷик ибораҳои «Xоқони Чин», «Хоқони Кошғар», «Хоқони Туркистон» ва ғ. вомехўранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …