Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон

Ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон

Ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Тоҷикистон қисми таркибии ҷа-раёни ягонаи револютсионӣ буд.

То револютсия ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба қисмҳои ҷудогонаи маъмурӣ-территориявӣ тақсим шуда, районҳои шимолӣ ва Помир ба кишвари Туркистон ва районҳои ҷануби шарқи (Бухорои Шарқӣ) ба аморати Бухоро дохил буд. Ҳокимияти Советӣ дар ин қисмҳои Тоҷикистон аз сабабҳои объективию субъективӣ дар як вақт не, балки дар солҳои гуногун ғалаба кард. Меҳнаткашони То-ҷикистони Шимолӣ ва Помир дар натиҷаи ба ҳайати Россия дохил шуданашон дар сафи пеши муборизаи револютсионии халқӣ тоҷик буданд. Ҳамраъию ҳамкорӣ бо халқи рус, ба вуҷуд омадани иттифоқи револютсионии меҳнаткашони кишвари Туркистон бо синфи коргари Россия, роҳбарии Партияи коммунистӣ, имдоди бародаронаи пролетариати рус, мавҷудияти ташкилотҳои маҳаллии сотсиал-демократ, барпо карда шудани Советҳои депутатҳои коргарон, аска-рон ва комитетҳои аскарон ба вусъати рӯзафзуни ҳаракатҳои инқилобӣ мусоидат карда, ғалабаи револютсияи сотсиалистиро таъмин намуданд.

Ғалабаи револютсияи феврал ва сарнагун карда шудани мутлақияти подшоҳии Россияро аҳолии районҳои шимоли Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол намуданд. 9 марти 1917 дар Хуҷанд Совети депутатҳои коргарон ва аскарон, 14 март «Комитети роҳиоҳан-чиён» барпо карда шуд. Бо кӯмаки Совети Хуҷанд дар кони ангишти Сулукта Совети депутатҳои коргарон ташкил ёфт, ки дар он болше-вик Даниил Деканов сардорӣ мекард. Дар нимаи якуми моҳи март Советҳои депутатҳои коргарон дар кони ангишти Шӯроб, чоҳи нефти «Санто» ва ғайра ба вуҷуд омаданд.

r-kabiri-oktyabr1

7 апрели 1917 Ҳукумати муваққатӣ Комитети туркистонии Ҳукумати муваққатӣ (бо сардории кадет Н. Н. Шепкин) барпо кард, ки ба ҳайати он намояндагони буржуазияи рус, мансабдорон, миллатчиёни буржуазии маҳаллӣ дохил мешуданд. Дар уезду волостҳо, аз ҷумла дар уезди Хуҷанд комиссарҳои Ҳукумати му-ваққатӣ таъин карда шуданд.

Меҳнаткашони Помири дурдаст хабари сарнагун карда шудани ҳокимияти подшоҳиро 3 апрели 1917 шуниданд. Дар нимаи дуюми апрели бо сардории амалдори подшоҳӣ Белов Комитети умумипомирии Ҳукумати муваққатӣ ташкил карда шуд. Аввали моҳи май комитети мазкур дар маҳалҳо комитетҳои иҷроия барпо кард, ки ба ҳайати онҳо асосан одамони сарватманд дохил гардиданд. Ин чораҳои Ҳукумати муваққатӣ вазъиятро дар ин ҷо ҳеҷ тағйир на-доданд. Агар то сарнагун кардани мутлақият тамоми ҳокимият дар дасти сардори отряди Помир бошад, акнун Помирро комиссари граждании Ҳукумати муваққатӣ ва сардори отряди Помир идора мекарданд.

Ҳамон вақт дар Помир Комитети умумипомирии аскарон бо сардории Воловик ва комитетҳои постии аскарон пайдо шуданд.

Ҳукумати муваққатии кишвари Туркистои ба халқи меҳнаткаш ҳеҷ чиз надод. Халқ мисли пештара зери истисмори дутарафаи истисморгарони маҳаллӣ ва рус монда буд. Дар назди партияи болшевикон вазифаи ба халқ фаҳмонда додани моҳияти Ҳукумати муваққатӣ ва фош сохтани сиёсати хоинонаи эсерҳою меншевикҳо меистод.

Аз ғалабаи револютсияи февралӣ дар Россия меҳнаткашони аморати Бухоро низ хабар ёфтанд. Марти 1917 дар маҳалҳои руснишини Бухорои Нав, Чорҷӯй, Тирмиз ва Каркӣ коргарону аскарон Советҳои депутатҳои коргарон на аскаронро барпо намуданд. Дар тамоми маҳалҳои руснишин митингу намоишҳо шуда гу-заштанд. Бисёр маҳбусони сиёсӣ аз ҳабс озод карда шуданд. Дар шаҳр-ҳои номбурда дар баробари Советҳо Комитетҳои иҷроияи Ҳукумати муваққатӣ низ барпо гардиданд. Дар Бухоро барои ба табааи рус на-зорат кардан ва манфиатҳои онро ҳимоя намудан Комитети иҷроия ташкил карда шуд. Комитетҳои иҷроия, ки сардоронаш эсеру менше-вик буданд, бо Комитети туркистонӣ робитаи зич пайдо карда, аз ёрию тарафдории он истифода менамуданд. ‘    ’ ..

Дар рӯзҳои аввали револютсияи феврал дар ҳудуди аморат ҳанӯз ташкилотҳои мустақили болшевикӣ набуданд. Аммо Советҳо зери таъсири оммаи коргарон ба тамоми соҳаҳои ҳаёти аморат дахл мекарданд. Дар воқеаҳои сиёсии ҳаёти аморат махсусан Совети Бухорои Нав, ки дар он нуфузи болшевикон зиёд буд, таъсири самарабахш мерасонд. Дар ин Совет болшевикони маҳаллӣ Аб-дуллохоҷа Тӯраев ва Алӣ Усмонов, ки дар зиндони амир ҳалок шуданд, кори зиёди ташвиқотию тарғиботӣ мебурданд. Советҳо ба оммаҳои халқ таъсири калон расониданд. Рӯҳияи револютсионии оммаи меҳнаткашон рӯз аз рӯз меафзуд. Амир аз ин тарсида, 7 апрел манифест нашр кард, ки дар он барҳам дода шудани ҷабру ситам, дар асосҳои интихобӣ идора кардани давлат, суди одилона ва ғайра ваъда карда мешуд. Амир ва муқаррабони вай бо ин манифест мехостанд диққати оммаҳои халқро аз муборизаи зидди истибдоди аморат дур куванд. Ҷадидҳо бо камоли ифтихор манифести амирро истиқбол намуданд. Ба ин муносибат онҳо 8 апрел намоиши шукрона ташкил карданд. Аммо қисми иртиҷоии рӯҳониён ва аъёну ашроф ба ислоҳот назари душманона доштанд. Дар зери таъсири онҳо амир намоишро бо қувваи ҳарбӣ торумор кард. 14 апрел ҳукумати амир бо баҳонаи «ба рӯҳи шариат ва ислом муқобил» будани ислоҳот аз он даст кашид. Ин рафтори амир ва ҳукуматдороии вай мавҷи нави хашму ғазаби мардумро ба вуҷуд овард. Дар Бухоро, Келиф ва Чорҷӯ намоишҳои эътирозии халқ ба вуҷуд омаданд, ки ҳамаи оиҳо бераҳмона пароканда карда шуданд. Аморати Бухоро такягоҳи асосии контрреволютсия дар Осиёи Миёна гардид. Баҳор ва тобистони 1917 қариб дар тамоми шаҳрҳои Туркистон гурӯҳҳо ва ташкилотҳои сотсиал-демократ ташкил ёфтанд. Дар ҳудуди уезди Хуҷанд марти 1917 дар кони ангишти Сулукта ва чоҳи нефти «Санто» гурӯҳҳои сотсиал-демократ  барпо гардиданд. Моҳи май гурӯҳи сотсиал-демократ дар Хуҷанд ташкил ёфт, ки ба он таъсири болшевикон Б. А. Иваниский, Д. Т. Деканов ва Румянсев, ки ба фаъолияти комму-нистони Тоҷикистони Шимолӣ роҳбарӣ менамуданд, калон буд.

Гурӯҳҳои сотсиал-демократ  нишондодҳои программавии Владимир Илич Ленин ва қарорҳои Конференсияи 7-уми умумироссиягиро ба роҳбарӣ гирифта, баромадҳои револютсионии оммаро ба роҳи муборизаи муташаккилона барои ба револютсияи сотсиалистӣ табдил додани револютсияи буржуазӣ-демократӣ равона менамудаед.

Дар зери таъсири ҳаракатҳои револютсионии маркази Россия муборизаи револютсионии меҳнаткашони Туркистон низ вусъат меёфт. 30 апрел маҷлиси умумии коргарони устохонаҳои роҳи оҳани Тошкент ва Осиёи Миёна ба Комитети туркистонии Ҳукумати муваққатӣ нобоварӣ изҳор кард. Дар зери фишори меҳнаткашон ҳайати якуми Комитети туркистонӣ нав карда шуд.

Баҳору тобистон дар Тоҷикистони Шимолӣ ҳаракатҳои коргарӣ вусъат ёфтанд. Моҳи май коргарони кони ангишти Сулукта корпартоӣ карда, ба ҷорӣ карда шудани рӯзи кори ҳаштсоата ва ғайра муваффақ шуданд. Коргарони заводҳои пахта ва равғани Конибодом ва стансияи Драгомирово корпартоӣ карда, як қатор талабҳои иқтисодӣ пешниҳод намудан. Дар ҷараёни корпартоиҳо муташаккилӣ, шуурнокии сиёсии коргарон меафзуд, ҳамраъии пролетариати рус ва Туркистон мустаҳкам мегардид.

Вале дар натиҷаи камшумории пролетариат ва дар корхонаҳои хурд парешон будани ҳаракати коргарӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ аз ҷиҳати миқёс ва муташаккилӣ аз ҳаракати коргарии районҳои нисба-тан тараққикардаи Россия хеле ақиб монда буд.

Ба ҷараёни умумии воқеаҳои револютсионӣ аскарон низ кашида мешуданд. Болшевикон дар гарнизонҳои ҳарбии маҳаллӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ бурда, варақаҳо паҳн мекарданд. Варақаҳо аскаронро даъват менарданд, ки ба Ҳукумати муваққатӣ бовар накунанд, ба муқобили сиёсати империалистии вай эътироз намоянд. Солдатҳои рӯҳияи револютсионӣ дошта аз фурӯ нишондани ошӯбҳои деҳқонон даст кашида, мусодира намудани захираи ғаллаи ҳаннотонро талаб мекарданд.

Тобистони 1917 дар шаҳрҳои Туркистон ташкилотҳои маҳаллии меҳнаткашон: «Совети депутатҳои коргарони ақибгоҳ» (дар Хуҷанд), «Иттифоқ» (дар Самарқанд), «Иттифоқи меҳнаткашони мусулмон» (дар Қӯқанд) ва ғайра барпо гардиданд. Дар бунёди ин ташкилотҳо саҳми коргароне, ки ҳангоми ҷанги империалистӣ аз Осиёи Миёна барои корҳои ақибгоҳ ба Россия фиристода шуда буданд (Ҷ. Зокиров, Абдуқодир Рауимбоев ва ғайра) хеле калон буд.

Болшевикон бо мадади «коргарони ақибгоҳ» ва коргарони пешқадам меҳнаткашони маҳаллӣ ва коргарону деҳқонони русро таҳти шиори «Тамоми ҳокимият ба Советҳо!» ба фронти ягонаи револютсионӣ муттаҳид мекарданд.

Бо ташаббуси болшевикон дар Хуҷанд «Иттифоқи коргарони рус» барпо карда шуд. Бо дархости ин иттифоқ тамоми ташкилотҳои демоқратии меҳнаткашони миллатҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд 29 июн ба ташкилоти ягонаи интернатсионалии меҳнаткашон муттаҳид шуданд, ки он номи «Иттифоқи меҳнаткашон»-ро гирифт. Ин ғалабаи калони болшевикон буд, ки дар натиҷаи мубориза барои озодкунии омма аз зери таъсири идеологияи миллатчигӣ ва барпо намудани ягонагии ннтернатсионалии меҳнаткашон ба даст оварда шуд.

Хабари воқеаҳои июлии Петроград ва ҳуҷуми Ҳукумати муваққатӣ ба ташкилотҳои револютсионии синфи коргар зуд ба меҳнаткашони Тоҷикистони Шимолӣ низ расид. Ба ин муносибат 8 июл дар Хуҷанд митинги меҳнаткашон ва аскарони гарнизон бо ширкати деҳқонони волостҳои ноҳияи шаҳр баргузор шуд. Иштирокчиёни митинг ба ҳайати эсеру меншевикии Совети Хуҷанд нобоварӣ изҳор карда, талаб намуданд, ки комитети иҷроияи он аз нав интихоб карда шавад. Депутатҳои эсеру . меншевикии Комитети иҷроияи Совети Хуҷанд маҷбур шуданд, ки аз намояндагии худ даст кашанд. Ба Комитети иҷроияи Совет болшевикон, эсерони «чап» ва бепартиявиён дохил шуданд.

Воқеаҳои июлӣ(бо Ҳукумати муваққатӣ забон як кардани Советҳои эсеру меншевикон ва ба тарафи Ҳукумати муваққатӣ гузаштани Советҳо) дар аксари шаҳру районҳои мамлакат ба дуҳокимияти хотима дод. Торумор шудани исёни Корнилов дар Туркистон низ майлу хоҳиши оммаҳои меҳнаткашро ба тарафи болшевикон афзуд. 12 сентябри 1917 дар Тошкент митинги коргарон, аскарон ва камбағалони шаҳр барпо гардид.. Иштирокчиёни митинг қарори болшевикӣ қабул карданд, ки тамоми ҳокимият бе таъхир ба Советҳо дода шавад, аз болои истеҳсолот ва тақсимоти маҳсулот назо-рати коргарӣ ҷорӣ карда шавад, корхонаю банкҳо миллӣ кунонида шаванд, замин ба деҳқонон дода шавад.

Ҷамъомадагон Комитети муваққатии револютсионӣ интихоб намуданд, кн он бо ҳамроҳии Совети Тошкент ҳокимиятро ба даст гирифт. Вале аз сабаби он ки дар Комитети револютсионӣ ва Комитети иҷроияи Совет аксар эсерони «чап» ва меншевикон — «интернатсионалистон» ҷойгир шуда буданд, ягон тадбири қатъие бар зидди контрреволютсия андешида нашуд. Ҳукумати муваққатӣ дарҳол ба ёрии Комитети туркистонӣ қувваҳои ҳарбии ҷазодиҳанда фиристод.

Бо даъвати болшевикон коргарони Тошкент ба нишонаи эътироз 20 сентябр корпартоии оммавӣ ташкил карданд. Меҳнаткашони Тошкентро коргарони районҳои шимоли Тоҷикистон яқдилона тарафдорӣ намуданд. 24 сентябр роҳиоҳанчиёни истгоҳ Хуҷанд ба нишонаи эътироз бар зидди омадани қисмҳои ҷазодиҳанда корпартоӣ карданд. Роҳиоҳанчиёни истгоҳҳои Драгомирово ва Приданово ба корпартофтагон ҳамраъии худро изҳор карданд.

Ин воқеаҳо ифодаи он буданд, ки ихлоси мардум аз Ҳукумати муваққатӣ гашта, майли онҳо беш аз пеш ба болшевикон меафзуд. Моҳи октябр аксарияти депутатҳои Советҳои Тоҷикистони Шимолӣ болшевиконро дастгирӣ мекарданд.

Дар вазъияти пухта расидани кризиси револютсионӣ дар мамлакат фаъолияти сиёсии меҳнаткашони Помир низ пурзӯр мешуд. Вале вӯҷуд надоштанн синфи коргар, ташкилотҳои сотсиал-демократӣ, Советҳо садди роҳи муташаккилии онҳо мегардид. Мавқеи географӣ, шароити баландкӯҳӣ ва инкишофи бениҳоят сусти нақлиёт боиси аз районҳои дигари Туркистон ҷудо будани Помир мегардид. Синфҳои доро аз ин истифода бурда, суиқасди реаксионӣ тайёр карданд. Мақсади он дар Помири Шарқӣ таҳти ҳимояи аморати Бухоро ва ё дигар мамлакати хориҷӣ ҳокимияти феодалони маҳалли-ро нигоҳ доштан буд. Ба ин сӯиқасд феодали калон Азизхон сардори мекард. Аммо сӯиқасд барбод рафт. Дар давоми моҳи ноябри 1917 ва феврали 1918 дар Россия ва районҳои миллии он Ҳокимияти Советӣ барпо карда шуд. Дар Осиёи Миёна пешоҳанги муборизони револютсия Советҳои депутатҳои Тошкент буданд. 28 май онҳо бар зидди капиталистон ва помешикон шӯриш ташкил карданд.

Аксарияти Советҳои кишвар Туркистон ба шӯришчиёни Тошкент ҳамраъй будани худро изҳор намуданд. Гарнизони Ӯротеппа ба Тошкент хабар фиристод, ки тайёр аст ба шӯришчиён кӯмак расонад.

Дар истгоҳи Хуҷанд ва чанде пас дар истгоҳҳои Драгомирово ва Приданово комитетҳои револютсионӣ барпо карда шуданд. Комитети револютсионии Хуҷанд ба отряди гвардиячиёни сурхе, ки аз коргарони роҳи оҳан ташкил ёфта буд, такя намуда, ҳаракати поездҳоро зери назорат гирифт ва имкон надод, ки бо роҳи оҳан қисмҳои контрреволютсионӣ барои пахш кардани шӯриш аз Фарғона ба Тошкент фиристода шаванд.

1 ноябр 1917 дар Тошкент шӯриши мусаллаҳ ғалаба кард. Комитети иҷроияи Советҳои Тошкент ба ҳамаи Советҳо чунин телеграмма фиристод: «Совет тамоми ҳокимиятро қабул кард. Ҳокимиятро ба даст гиред!» Ғалабаи шӯриши мусаллаҳ дар Тошкент оғози ҳаракати музаффаронаи Ҳокимияти Советӣ дар ҳудуди Туркистон буд. Советҳои депутатҳои коргарони кони ангишти Сулукта ва чоҳи нефти «Санто» аз аввалин рӯзҳои инқилоб соҳибони ҳақиқии корхонаҳо гардида, ҳамчун органҳои ҳокимият амал мекарданд. Дар истгоҳи Драгомирово низ ҳокимият ба дасти Совети депутатҳои коргарон гузашт, ки онро якҷоя бо Комитети револютсионӣ идора менамуд. Советҳои коргарон ва аскарони Хуҷанд дар уезд ҳокимиятро ба даст гирифтанд.

Натиҷаи охирини муборизаи меҳнаткашон барои ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар шимоли Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба таносуби қувваҳои револютсия ва контрреволютсия дар вилоятҳои Самарқанду Фарғона вобаста буд. Дар Самарқанд контрреволютсия ба шиори болшевикии «Тамоми ҳокимият ба Советҳо!» шиори «Ҳамаи ҳокимият ба Маҷлиси муассисон!»-ро муқобил гузошт. Аммо кӯшиши контрреволютсия барбод рафт. 13 декабр  Съезди вилоятии Советҳои Самарқанд Совети Комиссарони Халқи Туркистонро эътироф кард ва дар вилоят ба ихтиёри Совети вилоятӣ гузаштани ҳокимиятро эълон намуд. Ин қарори съезд муборизаи меҳнаткашони уезди Хуҷанд, Фалғар ва Панҷакентро, ки ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил ме-шуданд, осон кард.

-6-—7 декабри 1917 Съезди вилоятии Советҳои Фарғона баргузор шуд. Съезд эълон кард, ки дар тамоми вилоят ҳокимият ба дасти Советҳо гузаштааст. Аммо дар Фарғона бошад, контрреволютсия ба Ҳокимияти Советӣ муқобилати сахт нишон медод. Дар Қӯқанд қувваҳои контрреволютсионӣ ҷамъ омада, ба ном Съезди кишварии мусулмононро даъват кардаюд. Съезд Туркистонро «территорияи автономӣ» эълон намуд ва «ҳукумати автономӣ» интихоб кард Баъд аксулинқилобчиён босмачигиро сар карда, ба муқобили Ҳокимияти Советӣ бархостанд. Дар Қӯқанд ҷамъ шудани қувваҳои аксулинқи-лобӣ дар шимоли Тоҷикистон вазъияти ташвишоваре ба амал овард. Районҳои Конибодом ва Исфара, ки ба ҳайати уезди Қӯқанди вилояти Фарғона дохил мешуданд, дар зери «Мухторияи Қӯқанд» монданд. Танҳо кони ангишти Шӯроб ва чоҳи нефти «Санто», ки ба районҳои Конибодом ва Исфара тааллуқ доштанд, ҳамчун ҷазирачаҳои Ҳокимияти Советӣ дар иҳотаи қувваҳои аксулииқилобӣ боқӣ монданд. Советҳои депутатҳои коргарони ин ҷо ҳокимиятро дар даст нигоҳ дошта, бар зидди «мухториячиён», мубориза сар карданд. Бо қувваи якҷояи гвардиячиёни сурхи «Санто», «Қизилқия», стансияи роҳи оҳани Хуҷанд, отрядҳои гвардиячиёни сурхе, ки Совети Комиссарони Халқи  Туркистон аз районҳои гуногуни советии кишвар ба Қӯқанд фиристода буд ва бо дастгирии оммаҳои меҳнаткашони шаҳр дар бадали ду рӯз (21—22 феврали 1918) қувваҳои мусаллаҳи «мухториячиён» торумор карда шуданд. Торумори «Мухторияи Қӯқанд» ғалабаи Ҳокимияти Советиро дар Конибодом ва Исфара таъмин намуд.

Феврали 1916 дар Ӯротеппа амалдорон ва хизматчиёни собиқи армияи кӯҳна «дружинаи халқи рус» ном ташкилоти аксулинқилобӣ барпо карданд, ки он бар зидди Ҳокимияти Советӣ мубориза мебурд.

Маи 1918 дар Ӯротеппа аз сабаби барҳам дода шудани Совет ташкилоте бо номи «Партияи коргарону деҳқонони мусулмон» барпо карда шуд, ки он таҳти шиори «Тамоми ҳокимият ба Советҳои коргарону деҳқонони Ӯротеппа!» кори зиёди ташвиқотию тарғиботӣ бурда, қувваҳои зидди аксулинқилобчиёнро дар атрофаш муттаҳид намуд. Совети вилоятии Самарқанд ин партияро дастгирӣ карда фармон дод, ки аз Хуҷанд ба Ӯротеппа отряди мусаллаҳ фиристода шавад. 8 июли 1918 бо қувваҳои якҷояи «Партияи коргарону деҳқонони мусулмон» ва отряди мусаллаҳи аз Хуҷанд омада, қисми аксулинқилобчиён забткардаи шаҳри Ӯротеппа муҳосира карда шуд. Штаби «дружинаи халқи рус» таслим шуд. 10 июли 1918 Совети депутатҳои коргарон, аскарон ва деҳқонони Ӯротеппа ташкил карда шуд, ки он дар шаҳр ва деҳоти атрофи он ҳокимиятро ба даст гирифт.

Нисбат ба районҳои шимоли Тоҷикистон ва районҳои дигари Туркистон Ҳокимияти Совети дар Помир дертар ғалаба кард. Дар охири соли 1918 аскарони рӯҳияи револютсионӣ доштаи отряди Помир бо ҳамроҳии меҳнаткашон Комитети револютсионии Помирро барпо намуданд. Воловик раиси он интихоб гардид. Совети Комисарони Халқи Туркистон бо сардории коммунист А. А. Холмаков комиссияи ҳарбӣ-сиёсӣ ва отряди мусаллаҳ  фиристод, ки онҳо феврали 1919 ба Хоруғ расиданд. Ин комиссия ва отряд бояд ҳудудҳои давлатиро муҳофизат ва Ҳокиммяти Советиро дар Помир мустаҳкам менамуд.

Баъд аз ғалабаи револютсияи сотсиалистӣ меҳнаткашони Туркистон бо роҳбарии Партияи коммунистӣ ба ташкилу мустаҳкам намудани органҳои Давлати Советӣ ва дар асосҳои сотсиалистӣ аз нав сохтани ҷамъият сар карданд. Апрели 1918 Съезди 5-уми Советҳои кишвари Туркистон барпо гардид, ки он ҳуҷҷати муҳим — «Ни-зомнома дар бораи республикаи Туркистони федератсияи Россия»-ро қабул кард. Мувофиқи ин Низомнома Туркистон дар ҳайати Российская Соцалистическая  Федеративная Советская Республика РСФСР Республикаи Автономии Советии Сотсиалистӣ эълон карда шуд.

Автономияи Советӣ эълон шудани Туркистон ғалабаи принсипҳои сиёсати миллии ленинӣ буд. Вай таҳкурсии асосҳои давлатдории миллии советии ӯзбекҳо, тоҷикҳо ва қирғизҳоро гузошт ва дар роҳи дар Осиёи Миёна бунёд гардидани республикаҳои советии миллӣ иқдоми муҳим гардид. Тамоми ҳудуди кишвари Тур-кистон, аз ҷумла районҳои шимоли Тоҷикистон ва Помир ба ҳайати Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон дохил шуд. 16 октябри 1918 Съезди 6-уми Советҳои Туркистон Конститутсияи Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии РАСС Туркистонро қабул кард, ки асоси онро «Декларасияи ҳуқуқҳои халқи меҳнаткаш ва истисморшаванда» ва «Қоидаҳои умумии Конститутсияи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия» ташкил медоданд. Он музаффариятҳои револютсияи сотсиа-листиро қонунан мустаҳкам намуд.

Дар шимоли Тоҷикистон баъд аз ғалабаи Револютсияи Октябр Советҳо ба оммаи меҳнаткашон такя карда, органҳои ҳукмронӣ ва идоракунии буржуазь ва дигар ташкилотҳои сиёсии истисморгаронро нест карданд. Аз декабри 1917 то баҳори 1918 комитетҳои иҷроияи Хуҷанду Ӯротеппа ва комитети бехатарии ҷамъиятии Драгомирово барҳам дода шуда, дар уезду волостҳо вазифаҳои комиссарони Ҳукумати муваққатӣ бекор карда шуданд. Декабри 1917 Совети Ху-ҷанд дар бораи бекор карда шудани ташкилоти маҳаллии «Шӯрои исломия» қарор қабул кард. Соли 1918 Советҳо думаҳои шаҳрии Хуҷанду Ӯротеппаро аз эътибор соқит донистанд. Армияи кӯҳна, милитсияи буржуазӣ ва тамоми аппарати буржуазӣ-феодалии судӣ низ ба тарзи револютсионӣ тағйир дода шуд.

Партияи коммунистӣ бо иштироки васеи оммаи меҳнаткашон аппарати кӯҳнаи давлатиро барҳам дода, аппарати нави давлати коргарону деҳқононро барпо кард, ки асоси онро Советҳо — органи давлатии диктатураи синфи коргар ташкил медоданд.

Дар аввалҳо Советҳои коргарону аскарон, Советҳои депутатҳои деҳқонон аз ҳамдигар ҷудо буданд. 45 апрели 1918 Съезди депутатҳои деҳқонони уезди Хуҷанд, ки бо ташаббуси болшевикон даъват шуда буд, дар бораи муттаҳид намудани Советҳои деҳқонон бо Советҳои коргарон ва аскарон қарор қабул кард. З0 апрел Совети коргарон ва аскарони Хуҷанд низ чунин қарор қабул намуд. Муттаҳид намудани ин Советҳо ба минбаъда мустаҳкамшавии иттифоқи синфи коргару деҳқон ва пойдор гардидани Ҳокимияти Советӣ мусоидат кард. «

Советҳои маҳаллӣ барои роҳбарӣ кардан ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ, хоҷагӣ ва маданӣ сексияҳо, шӯъбаҳо ва комиссариатҳо барпо намуданд. Дар ҷараёни муборизаи синфӣ отрядҳои Гвардияи сурх барпо карда шуданд, ки онҳо қувваҳои мусаллаҳи Советҳоро ташкил медоданд. Дар шимоли Тоҷикистон нахустин отрядҳои Гвардияи Сурх ҳангоми шӯриши мусаллаҳ дар Тошкент дар стансияи роҳи оҳани Хуҷанд ба вуҷуд омаданд. Чанде баъд онҳо дар Сулукта, Драгомирово, Придиново ва дар шаҳри Хуҷанд барпо карда шуданд. Отрядҳои Гвардияи Сурх қувваҳои мусаллаҳе буданд, ки аз байни коргарони револютсионӣ ташкил карда мешуданд ва дар мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ ва эмин доштани музаффариятҳои Револютсияи Октябр мавқеи муҳим доштанд.

Советҳо ба барпо кардани милитсияи пролетарӣ диққати махсус доданд. Дар Хуҷанд ва Ӯротеппа барои ҳимояи музаффариятҳои меҳ-наткашон ва мубориза бо ғоратгарию ҳаннотӣ трибуналҳои револю-тсионӣ ва комиссияҳои фавқулоддаи тафтишотӣ (Чрезвычайный  Комитет) барпо карда шуданд.

Аз декабри 1917 то маи 1918 қариб дар тамоми корхонаҳои саноатии Тоҷикистони Шимолӣ назорати коргарӣ ҷорӣ карда шуд. Марти 1918 дар Туркистон Совети хоҷагии халқ ташкил ёфт, ки он саноати милликунонидашударо идора мекард. Дар ҳайати Советҳои маҳаллӣ шӯъбаҳои саноат ва баъдтар дар Хуҷанду Ӯротеппа советҳои хоҷагии халқ барпо карда шуданд. Дар натиҷаи миллӣ карда шудани корхонаҳои фабрику заводӣ, кӯҳӣ, роҳи оҳан дар хоҷагии халқи Тоҷикистони Шимолӣ  уклади сотсиалистӣ ба вуҷуд омад.

Советҳои маҳаллӣ ва органҳои заминдорӣ аз аввалин қадамҳои фаъолияти худ як қатор тадбирҳо андешиданд, ки онҳо ба ҳалли масъалаи аграрӣ равона карда шуда буданд.  Комитетҳои замину об ташкил карда шуданд, ки онҳо заминҳои мусодирашударо ба деҳқонони безамин ва камзамин тақсим карда медоданд. Дар баробари замин камбағалон аз тухмӣ ва асбобу анҷоми деҳқонӣ таъмин карда мешуданд.

Ҳамаи ин навсозиҳо ба меҳнаткашони аморати Бухоро таъсири пурзӯри револютсионӣ нарасонида наметавонистанд. Хабари ғалабаи Револютсияи Октябр синфи ҳукмрон ва ҳукумати аморати Бухороро нохуш гардонд. Ғалабаи револютсияи русро онҳо ба ҳокимияти зулмпарвари худ таҳдид медонистанд ва ба муқобили Давлати Советӣ бо ҳар восита тайёрӣ медиданд. Дар баробари ин амир ба ёрии контрреволютсияи рус ва империалистони англис умеди калон мебаст. Аз ноябри 1917 то марти 1918 амир се маротиба ба армия сафарбарӣ эълон карда, миқдори лашкарашро ба 30 ҳазор нафар расонд. Ғайр аз ин вай бо атаман Дутов, «Мухторияи Қуқанд», сардори феодалҳои туркман Ҷунайдхон ва гвардиячиёни сафеди «Ташкилоти ҳарбии Туркистон» алоқа барқарор намуд. Ба амир империалистони англис низ ёрӣ мерасонданд. Боқимондаҳои отрядҳои торуморшудаи гвардиячиёни сафед низ дар Бухоро паноҳ ёфта буданд.

Ҳукумати Туркистони Советӣ кӯшиш мекард, ки бо аморати Бухоро муносибатҳои неку ҳамсоягӣ барқарор намояд. Резиденти Россия дар Бухоро ҳамчун органи сиёсати мустамликадории Ҳукумати муваққатӣ бекор карда шуд. Ба ҷои вай январи 1918 Ҳукумати Советӣ Комиссияи оид ба корҳои Бухороро ташкил кард. ОКХ Туркистон кӯшиш намуд, ки бо аморат муносибатҳои дӯстона барқарор кунад, вале амир ҳамаи таклифҳои вайро рад кард.

Марти 1918 байни Туркистони Советӣ ва аморати Бухоро задухӯрди мусаллаҳ ба амал омад. Ба ин задухӯрд аз як тараф, амалиёти моҷароҷӯёнаи ҷавонбухориён ва аз тарафи дигар, хатоии Совети Комиссарони Халқи Туркистон ва раиси он Ф. Колесов сабаб шуд.

Ҷавонбухориён, ки манфиатҳои буржуазияи миллиро ифода мекарданд, нияти бо ёрии Ҳокимияти Советӣ дар аморат гузаронидани ислоҳот ва ба даст гирифтани ҳокимиятро доштанд. Дар баробари ин онҳо мехостанд, ки амир дар сари ҳокимият бошад. Роҳбарони ҷавонбухориён ба ҳукумати Туркистон таклиф намуданд, ки ба муқобили аморат якҷоя амал кунанд. Онҳо изҳор намуданд, ки дар ихтиёри худ отрядҳои револютсионӣ (иборат аз 30 ҳазор нафар) доранд ва тайёранд ба шӯриши зидди амир бархезанд. Дар амал ҷавонбухориён ягон хел қувва надоштанд ва аз халқ дур буданд.

Совети Комиссарони Халқи Туркистон фирефтаи ҷавон-бухориён гардида қарор дод, ки ба меҳнаткашони Бухоро дасти ёрӣ дароз кунад.

«Походи Колесов» хатои ҷиддии болшевикони Туркистон буд. Онҳо мехостанд бидуни фаро расидани вазъияти револютсионӣ сохти мустабиди амириро дар Бухоро сарнагун созанд. Ин боиси қурбониҳои зиёд гардид. Қисми ҷавонбухориён кушта ва қисми дигарашон ба зиндонҳо партофта шуданд, қисмашон ба Туркистон фирор намуданд. 25 март байни амири Бухоро ва Совети Комиссарони Халқи Туркистон дар Қизилтеппа созиш карда шуд.

Амир баъд аз созиш нисбат ба Туркистон сиёсати ошкоро душ-манонаро пеш гирифта, бо мудохилакорони англис ва ҳукумати эсе-рию меншевикӣ дар Ашхобод робита барқарор кард. Тирамоҳи 1918 вай бо намояндагони Англия иттифоқи ҳарбӣ баст, ки баъди он ба Бухоро фиристодани яроқу аслиҳаи англисӣ хеле афзуд. Англия ба ин ҷо инструкторҳои ҳарбии худро фиристод. Амир ӯҳдадор шуд, ки армияи 40-ҳазорнафарӣ тайёр карда, фронти Закаспийро аз Тошкент бурида ҷудо кунад. Маи 1919 лашкарони амир бо гвардиячиёни сафеди фронти Закаспий шаҳри Каркиро муҳосира карданд, вале баъди ба ёрии мудофиачиён расида омадани қуввақои иловагӣ муҳосираи шаҳр барҳам дода шуд.

Ҳангоми ҳуҷуми Колчак ба Давлати Советӣ амир бо вай алоқаи наздик барқарор намуд. Колчак соли 1919 ба Бухоро миссияи ҳарбӣ фиристод. Яке аз вазифаҳои асосии миссия дар байни амиру босмачиҳои Фарғона робитаи мустақкам барпо намудан буд.

Ба ҳамин тариқ, аморати Бухоро ба такягоҳи асосии контрреволютсия дар Осиёи Миёна табдил ёфт. Вале ба амир муяссар нагардид, ки ба муқобили Туркистони Советӣ баромади мусаллаҳ ташкил намояд. Дар аморат бӯҳрони револютсионӣ пухта мерасид (тирамоҳи 1920) ҳаракати инқилобӣ торафт меафзуд. Мавҷудияти режими мустабиди амир зери хатар монда буд.

Ғалабаи Револютсияи Октябр, пойдор гардидани Ҳокимияти Советӣ дар Туркистон ва дар Бухорои Нав, Чорҷӯ, Каркӣ ва Тирмиз ба дасти Советҳо гузаштани ҳокимият дар револютсиякунонии оммаҳои меҳнаткаши аморати Бухоро мавқеи калон дошт.

Коргарони корхонаҳои саноатӣ ва роҳиоҳанчиён қисми фаъол ва револютсионии қувваҳои инқилобиро ташкил медоданд. Ба онҳо табақаҳои нимпролетарии аҳолии шаҳр ва деҳқонони меҳнаткаш, ки аз истибдоди амир, камзаминӣ ва истисмори феодалӣ азият мекашиданд, ҳамроқ мешуданд. Меҳнаткашон бар зидди сиёсати зиддихалқии ҳукумати амир рӯирост баромад мекардагӣ шуданд.

Моҳи декабри 1918 дар Қаршӣ шӯриш бархост. Соли 1919 шӯришчиёни  Ғиждувон бекро ба қатл расонданд. Баҳори ҳамин сол издиҳоми мусаллаҳи деҳқонон ва ҳунармандон ба қароргоқи беки маҳаллии шаҳри Қаршӣ ҳуҷум карда, аз ӯ бас кардани аскаргириро талаб намуданд. Июли 1919 15 ҳазор нафар деҳқонон ва ҳу-нармандони Бухорои Кӯҳна бар зидди сиёсати амир баромаданд. Соли 1920 дар Қаршӣ, Бухорои Кӯҳна, Шаҳрисабз ва Нурато ошӯбҳои калон ба амал омаданд. Дар армия низ ғалаён бархост. Соли 1920 аз армияи гурехтани сарбозон оммавӣ шуд. Ҳамаи ин гувоҳи он буданд, ки дар аморат бӯҳрони револютсионӣ пухта расидааст.

Муборизаи револютсионии оммаҳои халқро Партияи Коммунистии Бухоро (ПКБ), ки тирамоҳи 1918 ташкил ёфта буд, сарварӣ мекард. Ба фаъолияти Партияи Коммунистии Бухоро ПКБ ва Комитети Марказии он органи намояндагии Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) дар Осиёи Миёна — Комиссияи оид ба Туркистон (Турккомиссия) раҳнамоӣ менамуд. Ба коммунистони Бухоро Советҳои коргарон ва аскарон ва ташкилотҳои Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП(б) Бухорои Нав, Чорҷӯй, Тирмиз ва Каркӣ ёрии ҳаматарафа мерасониданд.

Сиёсати аморат хилофи манфиатҳои куллии меҳнаткашон буд ва косаи сабри халқро лабрез мегардонд. Оммаҳои меҳнаткаш тайёр буданд, ки сохти мустабиди амириро вожгун созанд. Ба онҳо ёрии ҳарбии Россияи Советӣ зарур буд. Бюрои Сиёсии Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП (б) қарор дод, ки ба халқи Бухоро чунин ёрӣ расонда шавад. 15—18 авг. 1920 дар шаҳри нави Чорҷӯй, ки дар он ҷо ҳокимият дар дасти Советҳо буд, Съезди 4-уми Партияи Коммунистии Бухоро барпо гардид. Съезд «Дар бораи револютсияи Бухоро» масъала муҳокима кард ва қарор дод, ки ба муқобили ҳукумати амир шӯриши мусаллаҳ сар карда шавад.

25 августи 1920 Турккомиссия, Бюрои туркистонии Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) КМ РКП(б), Совети пропагандаи интернатсионалӣ дар Шарқ ва Совети револютсионии ҳарбии фронти Туркистон дар маҷлиси якҷояи худ бо иштироки Комитети Марказии Партияи Коммунистии Бухоро ПКБ «масъалаи Бухоро»-ро муҳокима намуданд. Қарор дода шуд, ки шаби 29 августи 1920 дар Чорҷӯй шуриш бардошта шавад. Барои роҳбарӣ ба револютсияи Бухоро дар ҳайати намояндагони Турккомиссия, Партияи Коммунистии БухороПКБ ва Бюрои туркистонии ҷавонбухориён Маркази партиявӣ ташкил карда шуд.

28 августи 1920 отряди коммунистон Чорҷӯйро ба даст дароварда, ҳокимияти беки онро вожгун сохтанд. Шӯришгарон Комитети револютсионӣ барпо намуданд ва ба деҳаҳо қосид фиристоданд. Дар Хатирчӣ, Шаҳри-нав ва дигар шаҳрҳои аморат низ шӯриш сар шуд. Комитети револютсионӣ ба тамоми меҳнаткашони Бухоро бо хитобнома муроҷиат карда, онҳоро ба сарнагун кардани ҳокимияти амир ва ҳокимияти маҳалқо даъват намуд. Комитети револютсионӣ дар хитобнома программаи худро муайян карда, аз номи оммаи меҳнаткашони аморат Армияи Сурхро хоҳиш намуд, ки «муқобилати душманони халқро пахш намояд».

Лашкаркаши номӣ М. В. Фрунзе 28 августи 1920 ба ҷанговарони Фронти Туркистон фармон дод, ки ба ёрии меҳнаткашони Бухоро шитобанд.

2 сентябри 1920 шӯришгарон ва Армияи Сурх тамоми Бухорои Кӯҳнаро ба даст дароварданд. Худи ҳамон рӯз М. В. Фрунзе ба Владимир Илич Ленин бо телеграф чунин хабар дод: «Имрӯз бо ҳуҷуми якҷояи қувваҳои сурхи Бухоро ва қисмҳои мо қалъаи Бухорои Кӯҳна гирифта шуд. Охирин такягоқи ҷаҳолат ва сиёҳгурӯҳчиёни бухороӣ фано гардид.

Револютсияи халқӣ дар Бухоро ғалаба кард. 6—8 октябри 1920 Съезди 1-уми умумибухороии намояндагони халқ барпо гардид, ки он тавлид ёфтани Республикаи Халқии Советии Бухороро эълон кард.

Револютсияи соли 1920 дар Бухоро натиҷаи таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр буд. Қувваҳои ҳаракатдиҳандаи он коргарони маҳаллӣ, пролетариати ба ёрии меҳнаткашони Бухоро омадаи Россия, тамоми деҳқонон ва буржуа-зияи майда буданд. Роли роҳбарӣ дар револютсия ба пролетариат ва партияи он — партияи коммунистон тааллуқ дошт.

Мувофиқи характер ва мақсаду вазифаҳои наздиктарини худ револютсияи Бухоро револютсияи зиддифеодалӣ, зиддиим-периалистӣ ва буржуазӣ-демократӣ буд. Ғалабаи револютсия аз дасти феодалҳо ба дасти халқ гузаштани ҳокимиятро таъмин намуд. Органи ҳокимияти халқӣ дар Республикаи Бухоро Советҳои депутатҳои халқӣ буданд, ки диктатураи револютсионӣ-демократии пролетариат ва деҳқононро ба амал мебаровард, ки дар он роли роҳбарикунандаро синфи коргар мебозид.

Револютсияи Бухоро дар шароити мавҷудияти сохти советӣ, диктатураи пролетариат дар Россия ғалаба кард. Бинобар ин меҳнаткашони Бухоро метавонистанд, ки ба ёрии пролетариати Россия такя намуда, на танҳо ба дигаргунсозиҳои умумидемократӣ, балки ба сохтмони сотсиализм низ камар банданд. Револютсияи хал-қӣ-демократии Бухоро минбаъд ба револютсияи сотсиалистӣ сабзида расид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …